ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 сентябр, шанбе, 273-юмин рӯзи соли 2023 аст
Дар ин рӯзи соли 1902 абрешими сунъӣ соҳиби патент гардид.
***
30 сентябри соли 2004 дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи танзими ҷараёни таҳия ва интишори иттилооти расмӣ Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» — и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардид, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси бунгоҳҳои хабарнигории худ дар кишварҳои хориҷӣ таклифҳои мушаххас пешниҳод намояд.
***
30 сентябри соли 2010 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаҳои генералии шаҳри Хуҷанд ва шаҳраки Сомониён — маркази ноҳияи Рӯдакиро тасдиқ кард.
***
11 сол қабл, 30 сентябри соли 2012 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии ниҳоии Ҷоми Президенти Конфедератсияи футболи Осиё – 2012 миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Ал-Аммарӣ»-и Фаластин баргузор гардид. Бозӣ бо иштирок ва дастгирии беш аз 19 ҳазор мухлисони футбол ҷараён гирифта, бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи дастаи футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон анҷом ёфт.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 дар ИМА Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланди «Аз Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола то Ҳадафҳои Рушди Устувор дар минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором» суханронӣ карданд.
***
30 сентябри соли 2016 лоиҳаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул гардид.
30 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ МЕШАВАД:
Дар Тоҷикистон – Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
***
Рӯзи байналмилалии тарҷумонҳо.
***
Дар Қазоқистон- Рӯзи кормандони мақомоти адлия.