ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 сентябр, душанбе, 247-умин рӯзи соли 2023 аст

Сентябрь 4, 2023 08:00

Дар ин рӯзи соли 1881 баландтарин ҳарорати ҳаво дар қитъаи  Аврупо дар Испания ба қайд гирифта шуд, ки +50,0°С – ро ташкил дод.

***

135 сол муқаддам, 4 сентябри соли 1888 Ҷорҷ Истмен  барои бақайдгирии тамғаи тиҷоратии «Kodak» патент ба даст овард.

***

Дар ин рӯзи соли 1998 ширкати «Google» таъсис дода шуд.

***

4 сентябри соли 2006 дар Тоҷикистон шабакаи нави телевизионии кӯдакону наврасон — «Баҳористон» ба фаъолият шуруъ намуд.

***

4 сентябри соли 2011 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе маҷмааи муҳташами варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ба сохтмони ду бинои боҳашамати маъмурӣ санги асос гузошта шуд.

***

11 сол пеш, 4 сентябри соли 2012 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо чанд корхонаи технологии шаҳри Бангалори Ҳиндустон шинос шуданд.

***

4 сентябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе озмоишгоҳи инноватсионии тиббӣ ифтитоҳ ёфт.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 қабл аз баргузории ҳамоиши навбатии БРИКС дар шаҳри Сямэни Ҷумҳурии Мардумии Чин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба саволҳои рӯзномаи «Жэнмин жибао» ҷавоб доданд.

***

6 сол пеш, 4 сентябри соли 2017 Бонки миллии Узбекистон аввалин маротиба дар бораи мубодилаи асъори сӯми узбекӣ ба сомонии тоҷикӣ эълон пахш намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон Бозиҳои 18-уми тобистонаи осиёиро бо 7 медал ҷамъбаст намуд.

 4 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ МЕШАВАД:

Дар Тоҷикистон – Рӯзи китоб.

***

Рӯзи байналмилалии таэквондо.

***

Дар Аргентина — Рӯзи муҳоҷират.

***

Дар Молдова – Рӯзи кормандони мақомоти гумрук.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Акобир Адҳамов, соли 1928 — доктори илмҳои физика ва математика, профессор, академики АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ.

Сентябрь 4, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 феврал, шанбе, 52-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 феврал, панҷшанбе, 50-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 феврал, чоршанбе, 49-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 феврал, сешанбе, 48-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 феврал, душанбе, 47-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 феврал, якшанбе, 46-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 феврал, шанбе, 45-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 феврал, ҷумъа, 44-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз, 12 феврал, панҷшанбе, 43-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 феврал, чоршанбе, 42-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 феврал, сешанбе, 41-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 феврал, душанбе, 40-умин рӯзи соли 2026 аст