ТАНТАНАИ ИСТИҚЛОЛ! Имрӯз дар боғҳои Душанбе намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангӣ доир мегарданд
ДУШАНБЕ, 09.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. 9 сентябр дар мамлакат 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мешавад. Ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ин санаи муҳим дар тамоми вазорату идораҳо, вилояту шаҳрҳо, ноҳияҳо, кӯчаю маҳаллаҳо, деҳаҳо ва шаҳраку деҳот маҷлисҳои тантанавӣ, варзишӣ доир мешаванд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Аз 9 то 15 сентябр дар боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе аз ҷониби вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангӣ гузаронида мешаванд.
Намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ҳамарӯза соати 08:00 оғоз ёфта, қисмати намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангӣ аз ҷониби вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бегоҳирӯзӣ доир мешавад.
Барои ташкили намоиш ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар боғҳои фарҳангу фароғатии пойтахт вазорату идораҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вобаста шудаанд. Аз ҷумла,
— дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосим Фирдавсӣ намоиш-фурӯши вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он,
— дар Боғи Ирам намоиш-фурӯши вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он,
— дар Боғи Куруши Кабир намоиш-фурӯши Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва ноҳияҳои водии Рашт,
— дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Садриддин Айнӣ намоиш-фурӯши шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав,
— дар Боғи Наврӯзгоҳ намоиш-фурӯши шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакӣ,
— дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Алишер Навоӣ намоиш-фурӯши шаҳри Ваҳдат,
— дар Боғи Кӯли Ҷавонон намоиш-фурӯши ноҳияҳои Варзоб ва Сино доир мегардад.
Ҳамзамон 14 сентябр дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосим Фирдавсӣ намоиши таомҳои миллӣ, идҳои тарбуз, харбуза, каду, себ, ангур ва Фестивали оши палав дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ташкил мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст






