ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ин мақсад хонишҳои сиёсӣ гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 19.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки Ректори донишгоҳ, профессор Қобилҷон Хушвақтзода ва роҳбарону кормандони сохторҳои гуногуни донишгоҳ хониши сиёсӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳ.
Дар ҳамоиш таъкид шуд, ки хонишҳои сиёсӣ дар мавзуи “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” вобаста ба иҷрои нақшаи чорабиниҳои раёсати донишгоҳ ҷиҳати татбиқи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» гузаронида мешавад.
Ректори донишгоҳ Қобилҷон Хушвахтзода иброз намуд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварду пашрафтҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат ёдоварӣ шуда, натиҷаи заҳмати шабонарӯзӣ ва талоши ҳар фарди ба миллат содиқу софдил мебошанд ва дар партави он дар оянда низ миллати тоҷик бо заҳмату талош ва кӯшишҳои пайвастаи худ Тоҷикистонро аз ин ҳам ободу зеботар мегардонанд.
Гуфта шуд, ки тазоду хатарҳои замони охир аз ҷавонон ва кормандон зиракии баланди сиёсӣ ва донишҳои амиқу навтарини замонро талаб менамоянд, то дар баробари тамаддунҳои хориҷӣ аз маданияту фарҳанги миллати хеш чун меросбарони он ҳимоя намуда, дар роҳи муаррифии он дар саросари сайёра муваффақона қадам гузоранд.
Ҳамзамон дар ҳамоиш доир ба масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, терроризму экстремизм, тақлиди фарҳанги бегона, муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, муқовимат ба омилҳои коррупсионӣ, ташвиқи китобхониву китобдӯстӣ ва дар амал татбиқ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, эҳсоси худшиносӣ, Ваҳдати миллӣ ва саҳмгузорӣ дар ободонию пешрафти донишгоҳ сухан гуфта шуд.
Ёдрас мешавем, ки чунин хонишҳо минбаъд низ бо иштироки олимони соҳаҳои мухталиф дар байни устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ гузаронида мешаванд.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид






