Устодони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон аз суханронии Президенти Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи дониш руҳбаланд гардиданд

Сентябрь 2, 2023 17:00

ДУШАНБЕ, 02.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори оғози соли нави таҳсил, Рӯзи дониш ва  Дарси сулҳ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ робарият, устодону донишҷӯёни ин муассисаи таълимӣ мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо роҳбарият ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон тамошо намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи омӯзгорӣ хабар доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои мубрами соҳаи мактабу маорифро мавриди баррасии амиқ қарор дода, иброз доштанд, ки «таваҷҷуҳ ба соҳаи мазкур ҳамеша дар маркази диққати давлату ҳукумат мебошад. Ман дар асоси таваҷҷуҳу эҳтироме, ки нисбат ба илму маориф ва мактабу омӯзгор дорам, иброз медорам, ки маҳз тавассути рушди босуботи соҳаи маориф, таҳкими заминаҳои он ва заҳмати содиқонаи омӯзгорон мо тавонистем, ки чеҳраи воқеии халқи тоҷикро дар замони муосир ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем»,- таъкид намуданд Эмомалӣ Раҳмон.

Бояд ёдовар шуд, ки соли равон барои соҳаи маориф 7,2 миллиард сомонӣ ҷудо шудааст, ки нисбат ба соли 2022  14 фоиз зиёд буда, қариб 19 фоизи буҷети солонаи давлатиро ташкил медиҳад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз камбудиву муваффақияти соҳаи маориф ёдовар гардида, масъулинро барои рафъи камбудиҳо вазифадор намуданд.

Баъди анҷоми тамошои суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ректори донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳро ба ифтихори оғози соли нави таҳсил, Рӯзи дониш ва  Дарси сулҳ табрик намуда, ба онҳо дар иҷрои рисолати касбӣ муваффақият таманно намуд. Таъкид шуд, ки ҳидоятҳои роҳнамосози Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани сифати таълиму тарбия пайваста зери назорат ва дастури кори роҳбарияти донишгоҳ қарор дода мешаванд.

Гуфта шуд, ки нуктаҳои меҳварии мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар  Рӯзи дониш ва дарси сулҳ сармашқи кори ҳамаи омӯзгорон қарор гирифта, кормандони соҳаи маориф бояд пайваста барои боло бурдани сифату самараи таълиму тарбия тадбир андешанд.

АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ

Сентябрь 2, 2023 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид