Вакили Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагони шаҳри Кӯлоб вохӯрӣ намуд
ДУШАНБЕ, 06.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 5 сентябр дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50-и шаҳри Кӯлоб вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҳакимзода бо сокинони маҳаллаҳои Фирдавсӣ, Ҷомӣ, Сино, Якуми май ва омӯзгорону хонандагони ин муассиса мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар мулоқот вакили Маҷлиси намояндагон вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» сухан гуфта, ҷавононро ба ватандӯстию хештаншиносӣ даъват намуд. Вобаста ба ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ вакил волидайни онҳоро даъват намуд, ки фарзандони худро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намуда, ба хизмати Ватан-Модар равон намоянд.
Вакили мардумӣ сокинонро ба сарфакоронаю дуруст истифода бурдани неруи барқ, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва аз он гирифтани ду — се ҳосил, инчунин захираи дусолаи маводи хӯрокворӣ даъват намуд.
Ҳамзамон ёдовар шуд, ки кишоварзони мамлакат аз дастгириҳои пайвастаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон руҳу илҳоми тоза гирифта, сайъ менамоянд, ки аз ҳар ваҷаб замин самаранок истифода бурда, аз он ду-се ҳосил рӯёнанд, то дар таъмини бозори истеъмолӣ саҳми арзанда гузоранд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Маҷлиси намояндагон тағйирот ба Конвенсия оид ба авиатсияи граждании байналмилалиро қабул намуд
Дар Танзания вохӯрии ҳамоҳангсозии роҳбарони ҳайатҳои парлумонии давлатҳои аъзои СААД доир шуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Даври дуюми Мактаби САҲА оид ба дипломатия, роҳбарӣ ва сулҳоварӣ барои ҷавондухтарон оғоз гардид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир гардид
Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Доир ба рушди дипломатияи парламентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Қазоқистон тақвият меёбад
Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»






