Вазъи шабакаи муассисаҳои кумаки аввалини тиббию санитарӣ дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт

Сентябрь 23, 2023 15:50

ДУШАНБЕ, 23.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 20 сентябр бо иштироки  27 нафар коршиносони байналмилалӣ аз давлатҳои Аврупо ва Осиё ҷаласаи машваратии маҷозӣ оид ба таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба вазъи шабакаи муассисаҳои кумаки аввалини тиббию санитарӣ ва дурнамои рушди он дар давраи миёнамуҳлат баргузор гардид, ки дар он дастовардҳои назарраси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар машварат сардори Раёсати ислоҳот, кумаки аввалини тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Бандаев сухан намуд.

Таъкид гардид, ки кумаки аввалини тиббию санитарӣ яке аз бахшҳои муҳими соҳаи тандурустӣ ба шумор рафта, саҳми он дар таъмини солимии аҳолӣ муҳиму назаррас мебошад.

Яке аз самтҳои аввалиндараҷаи фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ- ин такмил ва рушди кумаки аввалини тиббию санитарии ба тибби оилавӣ асоснокшуда ба шумор меравад.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 23, 2023 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд