Вазъи шабакаи муассисаҳои кумаки аввалини тиббию санитарӣ дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 23.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 20 сентябр бо иштироки 27 нафар коршиносони байналмилалӣ аз давлатҳои Аврупо ва Осиё ҷаласаи машваратии маҷозӣ оид ба таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба вазъи шабакаи муассисаҳои кумаки аввалини тиббию санитарӣ ва дурнамои рушди он дар давраи миёнамуҳлат баргузор гардид, ки дар он дастовардҳои назарраси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар машварат сардори Раёсати ислоҳот, кумаки аввалини тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Бандаев сухан намуд.
Таъкид гардид, ки кумаки аввалини тиббию санитарӣ яке аз бахшҳои муҳими соҳаи тандурустӣ ба шумор рафта, саҳми он дар таъмини солимии аҳолӣ муҳиму назаррас мебошад.
Яке аз самтҳои аввалиндараҷаи фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ- ин такмил ва рушди кумаки аввалини тиббию санитарии ба тибби оилавӣ асоснокшуда ба шумор меравад.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Кӯлоб бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба шаҳри Кӯлоб сафар намуд
ОГОҲӢ. Дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон то 4 май хавфи сар задани сел боқӣ мемонад
Дар шаҳри Кӯлоб дар пайи бориши пай дар пай сел омада, ба хонаҳои сокинон хисорот расид
Собиқадори хизмати давлатӣ Тоҳир Рашид: «Обод намудани Ватан ибодат ва аз гӯшаи имон аст»
Дар Душанбе густариши ҳамкории Тоҷикистону Покистон дар соҳаи меҳнат ва касбомӯзӣ баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Бавария ҳамкориро дар самти таҳсилоти касбӣ густариш медиҳанд
Оид ба ҳамкорӣ дар самти ҷалби мутахассисони ҷавони соҳибтахассус Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Байни Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Маркази тадқиқоти сиёсати хориҷии Узбекистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Дар ноҳияи Кӯшониён бо фаъолон ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ҲИФЗИ МЕҲНАТ. Ба масоили бехатарии меҳнат ва ҳифзи саломатии кормандон таваҷҷуҳи бештар зоҳир мегардад
Ғолиби Фестивали «Сайри гули лола» Сайфиддин Файзиддинов: «Тоҷикон аз қадимулайём гулпарвар буданд»






