13 ОКТЯБР-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Тоҷикистон барои паст намудани хатари офатҳои табиӣ корҳои зиёде анҷом медиҳад

Октябрь 13, 2023 10:09

ДУШАНБЕ, 13.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ – 13 октябр кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо шарикони байналмилалии рушд амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳоро дар байни тамоми қишрҳои аҳолӣ идома медиҳанд. Дар ин хусус сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Бахшида ба ин рӯз бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ озмунҳои гуногун, ҳамоишҳо, рӯзи дарҳои кушод ва вохӯриҳои кормандони Кумита бо донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, литсейҳои касбӣ ва кормандони муассисаҳои таълимии томактабӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, Нораки вилояти Хатлон, Хуҷанд, Гулистон, Бӯстони вилояти Суғд, Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Турсунзода, ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Шаҳринав гузаронида шуданд.

12 октябр кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар якҷоягӣ бо шарикони рушд дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методӣ бо бачаҳои дорои имконияти маҳдуд ва мактаббачагони муассисаҳои атрофи Марказ мусобиқаи варзишӣ гузарониданд. Дар он бештар аз 60 хонанда иштирок намуд. Баъд аз анҷоми мусобиқа аз ҷониби ташкилкунандагон ба кӯдакон дипломҳо тақдим шуданд.

Иброз гардид, ки ин чорабиниҳо ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум барои коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ ва техногенӣ равона шудаанд. Илова бар ин, ба кӯдакон дар бораи фаъолияти Кумита маълумоти муфассал дода шуда, онҳо бо таҷҳизоти махсуси наҷот ва шеваҳои наҷоти одамон дар ҳолатҳои гуногуни фавқулода шинос шуданд. Ба бачаҳо мошинҳои санҷишии кимиёвӣ-радиометриро нишон дода, вазифаҳои онҳоро фаҳмониданд.

Дар чорабинӣ ҳамчунин оид ба расонидани ёрии аввалини тиббӣ ба шахсони аз офатҳои гуногун ва ҳодисаҳои мухталифи фавқулода зарардида сухан рафта, роҳҳои наҷот ба онҳо амалан нишон дода шуданд. Бачаҳо ҳамзамон бо намоиши наққошиҳои ҳамсолонашон ва нусхаҳои сохтаи онҳо дар мавзуи ҳолатҳои фавқулода шинос шуданд.

Умеда Юсуфӣ иброз дошт, ки таҳлили ҳодисаҳои зарари ҳолатҳои фавқулода нишон медиҳад, ки дар ин ҳодисаҳо асосан кӯдакон ва маъюбон мушкилӣ дида, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд ва дар баъзе мавридҳо ин гуна рӯйдодҳо боиси марги онҳо низ шудаанд. Ин аст, ки ба роҳ мондани корҳои пешгирикунанда аз ҳодисаҳои нохуш як бахши муҳими фаъолияти Кумита ба шумор меравад.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2012 Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ таъсис дода шуд. Ҳамзамон «Барномаи давлатии миёнамуҳлат оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2023-2028 ва Нақшаи татбиқи он барои солҳои 2023-2025» қабул гардид, ки 15 созмони байналмилалӣ ҷиҳати татбиқи он ба фаъолияти муштарак оғоз намуданд.

Инчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори мамлакат дар соҳаи идоракунии офатҳои табиӣ ва иҷрои уҳдадориҳо дар доираи Барномаи Сендай оид ба паст намудани хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030 корҳои зиёде анҷом медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки 13 октябр чун Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ қабул шудааст. Он бори нахуст тибқи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 22 декабри соли 1989 ҳамчун Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар чаҳорчӯби Даҳсолаи байналмилалии коҳиши офатҳои табиӣ – солҳои 1990-1999 ҷашн гирифта шуд.

Ҳадаф аз баргузории он- баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум барои коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ мебошад.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 13, 2023 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Камол Насрулло: «Имрӯз миллати тоҷик бо эътиқоду эътимоди нав рӯ ба «Шоҳнома» овардааст»
РИСОЛАТИ ТАЪРИХИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Андешаҳо ба ифтихори 30-солагии таъсиси ҳизб
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ифодагари ғамхории Пешвои миллат нисбат ба мардуми Тоҷикистон аст
ШУМОРАИ ХОҶАГИҲОИ ТУХМИПАРВАРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН БА 128 АДАД РАСИД. Аммо норасоии тухмии зироати кишоварзӣ то ба ҳол боқӣ аст
Рушди дипломатияи варзишӣ ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон аст
18 МАЙ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОСОРХОНАҲО. Онҳо ба мардум фароғати фарҳангӣ бахшида, бо таърих ва фарҳанги қадимӣ шинос менамоянд
ОСОРХОНА — ОИНАИ ТАЪРИХИ ХАЛҚ. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо
ҚАБУЛИ ҚОНУНИ МИЛЛӢ ДАР ТАҲРИРИ НАВ. Он ба таҳкими сатҳи маънавиёти шаҳрвандон ва некуаҳволии шахс, оила ва ҷомеа равона шудааст
АСРОРИ ОИЛАДОРИИ СУҒДИЁН. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии оила
Волидон ба фарзандон бояд аввал илму дониш ва касбу кор омӯзонанд, то дар пешбурди оиладорӣ дар намонанд
Ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» Оқилбой Гадоев: «Эҳтиром ба давлату миллат аз оила оғоз меёбад»
15 МАЙ- РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИҚЛИМ. Тағйирёбии иқлим аз ҷомеаи ҷаҳон ҳамкории устувор ва дурандешӣ тақозо менамояд