14 ОКТЯБР-РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Дар шаҳри Турсунзода 171 иншооти таъйиноти гуногун бо саҳми бештари соҳибкорон сохта шуд
ДУШАНБЕ, 13.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи соҳибкорон, ки ҳамасола 14 октябр дар Тоҷикистон таҷил мегардад, дар Китобхонаи марказии шаҳри Турсунзода ҷамъомад баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд.
Дар ҷамъомад муовини Раиси шаҳри Турсунзода ва намояндагони соҳибкорони шаҳр иштирок намуданд.
Гуфта шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ татбиқи босамари ислоҳоти иқтисодӣ имкон дод, ки рушди устувори иқтисодиёти мамлакат давра ба давра таъмин гардида, ҷойҳои кор таъсис дода шаванд ва даромади пулии аҳолӣ сол то сол афзоиш ёбад.
Соҳибкорӣ ҳамчун пешбарандаи иқтисодиёти мамлакат тавонист ҳиссаи худро дар афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ афзун намуда, аҳолии аз лиҳози иқтисодӣ фаъолро фаро гирад ва ба ин васила ҷиҳати некӯаҳволии сокинон ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат саҳми муассир гузорад.
Таъкид шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо соҳибкорони маҳаллӣ ҳамкории пайваста дошта, саҳми бахши хусусиро дар пешрафт ва рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр баланд арзёбӣ менамояд.
Хусусан дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳамкорӣ вусъати тоза гирифта, дар шаҳр бунёди зиёда аз 435 иншоот, аз ҷумла 22 иншооти саноатӣ, 31 иншооти соҳаи тандурустӣ, 27 иншооти варзишӣ, 7 иншооти хизматрасонии маишӣ, 55 маркази хизматрасонӣ ва савдо, таъмири роҳҳои автомобилгард дар 42 мавзеъ ба дарозии 63 км, 15 сардхона, 4 гармхона, сохтмони 8 пул, таъмини оби нӯшокӣ дар 7 мавзеъ ва 119 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, 171 иншоот соли 2022 ва дар 9 моҳи соли 2023 мавриди истифода қарор гирифтанд.
Аз ҷумла, 25 иншоот дар соҳаи маориф, 11 иншоот дар соҳаи тандурустӣ, 12 иншооти варзишӣ, 34 маркази савдо, 2 иншооти хизматрсонии маишӣ, 10 корхонаю коргоҳи саноатӣ, таъмири роҳ дар 24 мавзеъ ба дарозии 66 км, сохтмони 5 пул, 6 сардхона, 2 гармхона, кашидани хати таъмини оби нӯшокӣ дар 3 мавзеъ ва 37 иншооти таъйиноти гуногун бо саҳми бештари соҳибкорон сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои муҳими сиёсиву ҷамъиятӣ, ба истифода додани иншооти мухталифи ҷашнӣ ва гузоштани саҳми арзанда дар корҳои ободонию бунёдкории шаҳр чанд нафар соҳибкорони муваффақ бо сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ қадрдонӣ гардиданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








Ширкати ҳавопаймоии «Shohin Airlines» ва «Turkish Airlines» Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон бо сифати аъло дар бозорҳои хориҷӣ мавқеи муносиб пайдо кардааст
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Дар Душанбе истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст






