28 ОКТЯБР- РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶУДО. Он ба гӯштини миллии тоҷикӣ пайванди зиёд дорад
ДУШАНБЕ, 28.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 28 октябр- Рӯзи байналмилалии ҷудо. Ин сана ба рӯзи таваллуди асосгузори дзюдо Дзигаро Кaнo рабт дорад. Рӯзи ҷудо аз соли 2011 бо ташаббуси Федератсияи байналхалқии ҷудо эълон гардидааст.
Гӯштини ҷудо аввалин навъи варзиши размӣ аст, ки ба барномаи Бозиҳои олимпӣ шомил шудааст.
Дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат, аввалин маротиба соли 2008 медали биринҷӣ аз ин намуди гӯштин ба хазинаи варзиши тоҷик ворид гардид. Барандаи ин медал варзишгари маъруфи мамлакат Расул Боқиев ба шумор меравад.
Ҷудо варзиши муқаррарӣ набуда, барномаи мукаммали омӯзишӣ аст, ки бо машғул шудан ба он инсон худро дар самти матонату далерӣ, эҳтирому арҷгузорӣ ба фарҳангу анъана ва дигар муҳимтарин сифатҳои инсонӣ такмилу тарбия менамояд. Федератсияи байналмилалии ҷудо бо пеш аз 200 давлати дунё, аз ҷумла Тоҷикистон низ робитаи зичи ҳамкорӣ дорад ва ҳамасола шумораи дӯстдорони ин навъи варзиш дар ҷаҳон меафзояд.
Ҷудо барои мардуми тоҷик аз ибтидо қариб, ки моли бегона набуд, зеро он ба гӯштини миллии тоҷикӣ пайванди зиёд дорад. Ҳамин буд, ки аз замони пайдоишаш дар Тоҷикистон зуд дар дили дӯстдорони намудҳои гӯштин ҷойгоҳи худро пайдо намуд. Варзишгарони мо на танҳо дар мусобиқаҳои дохилӣ, балки дар сабқатҳои осиёию байналмилалӣ иштирок намуда, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамоянд.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ва Раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоили Маҳмадзоир дар мамлакат ва берун аз он варзишгарони мамлакат дар мусобиқаҳои варзишӣ иштирок менамоянд. Яке аз тадбирҳои судманд дар ин самт таъсис додани Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ба ҳавасмандгардонии варзишгарон равона гардидааст.

Дастовардҳои охире, ки ҷудочиёни тоҷик ба он шарафёб шуданд, ғолибияти онҳо дар Бозиҳои 19-уми тобистонаи осиёӣ дар Ханжоуи Чин мебошад. Аз ҷумла, дар ин мусобиқа Сомон Маҳмадбеков сазовори медали тилло гардида, Темур Раҳимов медали нуқра ва Беҳрӯз Хоҷазода ба гирифтани медали биринҷӣ сарфароз шуданд.
Аз ҷониби Президенти мамлакат, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба варзишгароне, ки дар Бозиҳои Осиёи Ханжоу медали тилло мегиранд, 150 000 сомонӣ, барандагони медали нуқра 100 000 сомонӣ ва ба соҳибони медали биринҷӣ 50 000 сомонӣ Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
Бо такя ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат баҳри дастгирии варзишгарон дар Бозиҳои 19-уми Осиёӣ аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба гирандагони медали тилло хонаи 3- ҳуҷрадор, медали нуқра 2-ҳуҷрадор ва медали биринҷӣ хонаи 1- ҳуҷрадор тақдим шуд.
Варзишгарони тоҷик бо таваҷҷуҳ, ғамхорӣ ва дастгириҳои рӯзафзуни Ҳукумати мамлакат минбаъд низ маҳорату истеъдоди худро барои ба даст овардани комёбиҳои варзишӣ равона намуда, шарафи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардоранд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз









Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
КОНСТИТУТСИЯ–САНАДИ КАФОЛАТДИҲАНДАИ ҲУҚУҚИ ЗАНОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин маврид
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Устувонаи Куруши Бузург ва Конститутсияи Тоҷикистон ду сутуни як бинои бошукӯҳи давлатдории миллӣ мебошанд
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
КОНСТИТУТСИЯ ҲАМЧУН КАФИЛИ РУШДИ ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ДАВЛАТДОРИИ МУОСИР. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон дар ин маврид
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ






