29 ОКТЯБР- РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПСОРИАЗ. Дар дунё тақрибан 3 фоиз одамон ба он гирифтор мебошанд

Октябрь 29, 2023 11:28

ДУШАНБЕ, 29.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 29 октябр Рӯзи ҷаҳонии псориаз (шукуфаи хушки фалси), яъне бемории музмини авҷгирандаи пӯст эътироф шудааст. Таъсиси он соли 2004 аз ҷониби Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои псориаз (IFPA) оғоз шудааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Бемории псориаз (шукуфаи хушки фалси)- ин бемории музмини авҷгирандаи пӯст мебошад, ки дар тамоми кураи  Замин паҳн шудааст.

Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» сартабиби Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои пӯст, номзади илмҳои тиб иброз дошт, сабаби пайдошавии он  то ҳанӯз номаълум буда, асосан  фарзияи  аз волидон гузаштани ин беморӣ то 40 фоиз  мушоҳида ва муайян шудааст. Дигар омилҳо  низ вучуд доранд, ки аз ҷумла асабоният (стресс), сироятёбии вирусӣ, бактериалӣ, вайроншавии мубодилаи моддаҳо, вайроншавии  қобилияти иммунологии бадан мебошанд. Назарияҳои бисёре мавчуд мебошанд, ки назорати механизми  инкишофи дурусти пӯстро  идора менамоянд.

«Псориаз аз ҷумлаи бемориҳои маъмули пӯст буда, дар дунё тақрибан  3 фоиз одамон ба он гирифтор мебошанд. Он бештар дар 10 – 25-солагӣ пайдо шуда, дар кӯдакони 4 – 7-моҳа ва пирони 80 – 82-сола низ вомехӯрад», -иброз дошт  табиб.

Ба гуфтаи мутахассис, псориаз шаклҳои гуногун дошта,  нуқтамонанд, наскмонанд, тангамонанд, озахмонанд, ҳалқамонанд мешаванд. Дар аввал он дар синни гуногун пайдо мешавад.  Ин беморӣ дар пӯст (бештар дар ҷои қадшавии даст ё по), сатҳи бадан ва ҷойҳои мӯйдори сар гиреҳчаи майдаи гулобӣ ё сурхранг пайдо шуда, рӯи онро пулакчаи сафеди нуқратоб фаро мегирад. Ин пулакча зуд беҷо шуда, сатҳи сурхтоби он ҷило медиҳад. Доначаҳо тадриҷан афзуда, якҷоя мешаванд ва пулакчаҳои андозаашон гуногунро ҳосил менамоянд. Дар сурати дуру дароз боқӣ мондан, пулакчаҳо ғафс гашта, табобати беморӣ душвор мешавад. Ин намуди беморӣ метавонад дар фаслҳои гуногуни сол дар шаклҳои гуногун авҷ гирад.

Мудири шубаи Маркази шаҳрии бемориҳои пӯст, номзади илмҳои тиб Ҷурабек Эмомалиев иброз дошт, ки аксар вақт ҳангоми авҷ гирифтани беморӣ доначаҳо якҷоя шуда, ба тамоми пӯст осеб мерасонанд. Ранги пӯст сурхи равшан гашта, бо қабати ғафси пулакчаҳо рӯпӯш мешавад (ба ном эритродермияи псориазӣ), дар ин сурат ҳарорати  бадан аксар вақт баланд ва гиреҳҳои лимфа калон шуда, вазъи умумии бемор тағйир меёбад.

Ҳангоми баъзе шаклҳои псориаз банду буғумҳо ҳам иллат пайдо менамоянд. Бисёр вақт беморӣ ба пушти нохунҳо низ осеб расонида, чуқурчаҳои хол-хол пайдо мешаванд, нохун тираю ғафс ва ба чанголи паранда монанд мешавад. Ба гуфтаи мутахассис, псориаз ҳар сари чанд вақт авҷ гирифта, гоҳе муваққатан сабук мешавад.

Табиби бемориҳои пӯст Ҷурабек Эмомалиев тавсия медиҳад, ки ҳангоми пайдоиши нишонаҳои аввалини иллати пӯст ҳар шахс бояд зуд ба духтур муроҷиат намояд. «Нафаре, ки дар ӯ псориазро ташхис намудаанд, бояд зери назорати духтур бошад. Беморро қатъиян аз рӯи таъйиноти духтур табобат менамоянд. Шахсони гирифтори ин беморӣ бояд дар ҷойи гарм ё офтобӣ сайру гашт нанамоянд, зеро ин амал боси авҷгирии беморӣ мешавад», -гуфт мутахассис.

Барои гирифтор нашудан ба ин намуди беморӣ табибон тавсия медиҳанд, ки ҳар шахс бояд гигиенаро риоя намуда, аз хӯрдани хӯрокҳои зараровар, ба мисли тезтайёр худдорӣ намуда, масунияти баданро муътадил нигоҳ дорад.

Барои нигоҳ доштани иммунитети бадан бояд ба истеъмоли ғизо аҳамияти махсус зоҳир намуд. Зеро ғизои солимро кафолати саломатӣ меҳисобанд. Тарзи ҳаёти солим барои муътадил нигоҳ доштани ҳолати осебпазирии бадан ва баланд бардоштани иммунитет хеле муфид аст. Барои ин зарур аст, ки мардум бештар ба варзиш машғул шаванд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 29, 2023 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Левакант муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ ба истифода дода шуд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба 40 нафар ятими кулли шаҳри Ҳисор либоси мактабӣ тақдим гардид
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Ҳамкории муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ва Туркманистон густариш меёбад
Дар ноҳияи Ёвон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Дар Душанбе Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ба истифода дода шуд
Дар вилояти Хатлон беш аз 400 иншооти дорои аҳамияти давлатӣ бунёд карда шудаанд
Пиряхҳоро аз обшавӣ бояд ҳифз намуд, — бардошт аз конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар Душанбе
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои тибби Ҷумҳурии Қазоқистон идома доранд
Дастаи шаҳри Кӯлоб сазовори Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба футболи хурд шуд
Дар Тошканд Форуми тиҷоратии фармасевтии Узбекистону Тоҷикистон доир шуд
РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ ОБ. Барои Тоҷикистон ин масъала аҳаммияти махсус дорад