35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Хишекати ноҳияи Деваштич бинои иловагии мактаби №25 ба истифода дода шуд

Октябрь 30, 2023 10:58

ДУШАНБЕ, 30.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Хишекати ноҳияи Деваштич бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бино аз 2 ошёна иборат буда, барои 192 ҷойи нишаст дар як баст пешбинӣ гардидааст. Дар ошёнаи якуми он 4 синфхонаи таълимӣ ва ҳуҷраи кории директор ва дар қабати  дуюм ҳуҷраи муаллимон, синфхонаи компютерӣ ва 4 синфхонаи таълимии дигар ҷойгир карда шудааст. Муассиса пурра бо таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла 13 компютер ва 2  принтер таъмин  гардидааст. Ҳамзамон,  тибқи лоиҳа дар ҳудуди қитъаи замини муассисаи таълимӣ бинои анбор ва дегхона барои таъмини муассиса бо гармӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Лоиҳаи иншоот аз ҷониби ҶДММ «Сармоя Лоиҳа» таҳия гардида, корҳои сохтмониро ҶДММ «Манзили Кӯҳистон» иҷро намудааст. Дар муассисаи таълимӣ 470 нафар хонанда ба таълим фаро гирифта шуда, 31 омӯзгор ба онҳо таълим медиҳанд.

Роҳбарияти вазорати  маориф ва илм, ноҳия,  омӯзгорони собиқадор, хонандагони фаъол ва сокинони деҳа дар ҷамъомади идона сухан гуфта, баистифодадиҳии чунин бинои замонавиро далели сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвон намуданд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 30, 2023 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд