Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон дар нуҳ моҳ 107,9 фоизро ташкил дод

Октябрь 13, 2023 09:49

ДУШАНБЕ, 13.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Давоми нуҳ моҳи соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 43809,5 млн сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 107,9 фоизро ташкил дода, 3192,2 млн сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин хусус дирӯз зимни баргузории ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода шуд.

Тавре дар Вазорати кишоварзӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дода шуд,  ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ 33379,0 млн сомонӣ ва маҳсулоти чорвопарварӣ 10430,5 млн сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 108,8 ва  105,0 фоиз таъмин шуд. Дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 55,7 фоиз ва  бахши аҳолӣ 44,3 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ, асосан истеҳсоли меваҷот, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 41,6 фоиз, полезӣ 21,3 фоиз, сабзавот, 11,3 фоиз, аз ҷумла пиёз 21,5 фоиз ва картошка 3,8 фоиз зиёд аст, афзоиш ёфтааст.

АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 13, 2023 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид