Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии давлатҳои электорат дар Марокаш иштирок намуд

Октябрь 16, 2023 08:54

ДУШАНБЕ, 16.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар Шоҳигарии Марокаш дар вохӯрии давлатҳои электорат дар ҷаласаҳои солонаи Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ-2023 иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар вохӯрӣ нақши Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ  дар пешбурди муколамаҳои бисёрҷониба байни давлатҳои аъзо ва баррасии ошкорои мушкилот ва вазъи ҷаҳони имрӯза муҳим арзёбӣ карда шуд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ба иштирокдорони ҳамоиш оид ба нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва низоми бонкдории Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешбурди ислоҳоти молиявӣ, ки дар «Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ барои солҳои 2022-2026» пешбинӣ шудааст, инчунин таҳкими инфрасохтори рақамӣ ва дастгирии иқдоми молиявии инноватсионӣ маълумоти мушаххас пешниҳод намуд.

Ҳоким Холиқзода иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани ислоҳоти сохторӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисод ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои дарозмуддат самти асосиро муайян намудааст ва ҷанбаи муҳими ин раванд гузаронидани музокираву машваратҳои созанда бо ташкилоти байналмилалии молиявӣ мебошад.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Октябрь 16, 2023 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 9.9500 то 10.2212 сомонӣ муқаррар гардидааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид