Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии «Ҳафтаи энергетикии Русия» иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 13.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Далер Ҷумъа дар Форуми байналмилалии «Ҳафтаи энергетикии Русия», ки 11-13 октябр дар Москва доир гардида, ҳадафаш баррасии масъалаҳои рушди комплекси сӯзишворию энергетикӣ буд, иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
Дар ҳошияи Форуми байналмилалии «Ҳафтаи энергетикии Русия» Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҷаласаҳои асосии он иштирок намуд.
Дар кори ҷаласа Президенти Русия Владимир Путин, инчунин коршиносону олимони байналмилалӣ, намояндагони мақомоти федералӣ, роҳбарони ширкатҳои бузурги соҳаи энергетика, ташкилоти саноатӣ иштирок намуданд.
Дар доираи форуми байналмилалӣ Далер Ҷумъа бо муовини раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Александр Новак мулоқот намуда, масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷонибаро дар бахши энергетика, алалхусус доир ба таъмини уҳдадориҳои дутарафа оид ба фаъолияти боэътимоди Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» ва таъмини нақшаи тавозуни индикативӣ баррасӣ намуданд.
Далер Ҷумъа бо вазири энергетикаи Беларус Виктор Каранкевич вохӯрда, оид ба имконияти мавҷудаи гидроэнергетикӣ ва аҳамияти он дар таъмини неруи барқи боэътимод табодули назар намуданд. Вазири энергетика вазахираҳои оби Тоҷикистон дар ҳошияи Форуми байналмилалии «Ҳафтаи энергетикии Русия» дар чорабиниҳои канории форум, махсусан «Рушди гидроэнергетика аз нақша ба татбиқ» ва «Сенарияҳои рушди энергетикаи ҷаҳонӣ» сухан намуда, доир ба имконияти бузурги истеҳсоли энергияи «сабз» ва ҳавасманд будан барои содироти энергияи барқи аз лиҳози экологӣ тоза ба кишварҳои минтақа ва ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманди давлатҳо, масъалаҳои мубрами минтақавии алоқаманд ба рушди бозори энергетикӣ сухан гуфт.
Мавсуф инчунин оид ба чорабиниҳои дар ин самт татбиқшаванда, ҷой доштани зарурати воқеӣ ҷиҳати баланд бардоштани амнияти энергетикии минтақа, дигаргунсозии сохтори истеҳсоли энергияи барқ, оғози раванди азхудкунии иқтидори нав аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда- Офтобу бод ва тавсеаи ҳамкории давлатҳо дар самти энергетика дар доираи созмонҳои байналмилаливу молиявӣ ибрози назар намуд.
Далер Ҷумъа таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба имконияти обию энергетики Тоҷикистон, хусусан татбиқи лоиҳаҳои хурди обию энергетикӣ тавассути бахши хусусӣ ҷалб намуд. Гуфта шуд, ки беш аз 95 фоизи истеҳсоли неруи барқ дар мамлакати мо аз ҳисоби гидроэнергетикаи аз лиҳози экологӣ тоза мебошад. Тоҷикистон то имрӯз танҳо 5 фисади онро истифода намудааст.
Вобаста ба таъсири манфии раванди тағйирёбии иқлим ба захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ва мушкил гардидани раванди пешгӯии захираҳои гидроэнергетикии дарёҳои асосӣ барои ҳар давраи фасли сол ва аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтани ташаббусҳои глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт, аз ҷумла Соли байналмилаии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025 ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани 21 март таъкид шуд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сулаймон Зиёзода дар ноҳияи Спитамен бо вазъи соҳаҳои пахтакорӣ, боғдорӣ ва токпарварӣ шинос гардид
Ҷаласаи 21-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо доир шуд
Дар вилояти Хатлон имконоти ҳамкорӣ дар самти бунёди неругоҳҳои барқӣ баррасӣ гардид
РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 3,7 баробар афзоиш ёфтааст
14 август Озмуни ҷумҳуриявии «Топ-35-шарики боэътимоди сол» баргузор мегардад
Тоҷикистон таҷрибаи пешрафтаи Қазоқистонро дар самти истифода аз технологияҳои нав барои рушди соҳаи мелиоратсия меомӯзад
Дар Тоҷикистон низоми e-Phyto татбиқ мегардад
Оид ба кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон Созишномаи қарзии иловагӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд ба маблағи 20,5 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст
Тоҷикистон ба SpaceX/Starlink лоиҳаи Харитаи роҳи ҳамкориро пешниҳод намуд
Тоҷикистон ва Беларус бо мақсади рушди соҳаи нақлиёт ва логистика Харитаи роҳ оид ба ҳамкориро таҳия менамоянд
Давоми шаш моҳи соли 2026 зиёда аз 700 ҳазор сайёҳон ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд






