Ба «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» мошинҳои хизматрасон тақдим шуданд
ДУШАНБЕ, 20.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи амалисозии лоиҳаи муштараки «Тақвияти низоми тандурустӣ дар Тоҷикистон», ки байни Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории Алянси глобалии ваксинаҳо ва иммунизатсия татбиқ мешавад, маросими супоридани 9 мошини Toyota Hilux ба Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
Дар маросими қабули нақлиёт муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Намояндаи Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, шахсони масъули татбиқи Лоиҳаи Алянси глобалии ваксинаҳо ва иммунизатсия «Устувор намудани соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» иштирок намуданд.
Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарикони рушд ҷиҳати дастгирии пайвастаи соҳа изҳори миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки мошинҳои дастрасшуда байни филиалҳои Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» дар минтақаҳои ҷумҳурӣ тақсим шуда, аҳолии мамлакат имконияти дастрасии беҳтар ба ваксинаҳоро пайдо менамояд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






