Бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар Хоруғ бозиҳои зеҳнию маърифатӣ доир шуданд

Октябрь 13, 2023 17:28

ХОРУҒ, 13.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами ҳашти шаҳри Хоруғ бо иштироки хонандагони синфҳои поёнии муассисаҳои таълимии шаҳр бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ бозиҳои зеҳнию маърифатӣ баргузор шуданд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.

Ин бозии зеҳниро Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудоифиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  дар ҳамкорӣ бо Шуъбаи хадамоти оташнишонии вилоят, Маркази ёрии таъҷилии шаҳр ва намояндагони шарикони рушд амалӣ намуд.

Имрӯз дар саросари ҷаҳон  бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ чорабиниҳои гуногуни варзишию фарҳангӣ, бозиҳои зеҳнию маърифатӣ ва машқҳои тактикӣ доир мегарданд. Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи вилоят дар асоси нақшаи чорабиниҳо давоми ду ҳафтаи охир дар робита ба ин рӯз дар ҳамкорӣ бо шуъбаи  маорифи шаҳр  ҳар гуна бозиҳои варзишию фарҳангӣ ва маърифатӣ доир менамояд.

Шарти аввали бозии зеҳнию маърифатие, ки дар Муассисаи таълимии рақами ҳашти шаҳр баргузор гардид, кашидани расм доир ба офатҳои табиӣ ва шарҳ додани он буд. Рассомони наврас мавзую муҳтавои расми кашидаашонро шарҳу тавзеҳ дода, ба суолҳои иловагии ҳакамон низ посух доданд.

Зимни саволу ҷавоб ҳакамон таваҷҷуҳро бештар ба он равона намуданд, ки то кадом андоза кӯдакону наврасон доир ба офатҳои табиию техногенӣ маълумот доранд ва то кадом дараҷа дар вақти рух додани чунин ҳодисаҳо худ ва атрофиёнро наҷот дода метавонанд. Ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо  зилзила, тармаву сел чӣ гуна амал намуда, кадом маконҳои бехатарро интихоб менамоянд.

Сардори шуъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудудии Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи вилоят Шуҳрат Шоисматуллоев ба саволи он ки чаро аксарияти чорабиниҳо бо ширкати кӯдакону наврасон доир мегарданд, изҳор дошт, ки «кӯдакону наврасон дар баробари ҳар гуна офатҳои табиӣ қишри осебпазир шумурда мешаванд. Аз офатҳои табиие, ки дар ҷаҳон рух медиҳанд, аз ҳама бештар кӯдакону наврасон зарар мебинанд. Агар ин қишри ҷомеа ҳар қадар дар бораи офатҳои табиӣ маълумоти мукаммал дошта бошад, ҳамон қадар бештар роҳи наҷот додани худ ва атрофиёнро пайдо месозад».

Воқеан ҳангоми саволу ҷавоб аён гардид, ки омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ба шогирдони худ маълумоти зиёдеро дар мавриди пешгирӣ ва наҷоти одамон аз офатҳои табиӣ омӯзонидаанд.

Ҳакамон баъди таҳлилу баррасӣ ва машварат  ғолибонро муайян ва ба онҳо мукофот ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Ёдовар мешавем, ки 13 октябр чун Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ қабул шудааст. Он бори нахуст тибқи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 22 декабри соли 1989 ҳамчун Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар чаҳорчӯби Даҳсолаи байналмилалии коҳиши офатҳои табиӣ – солҳои 1990-1999 ҷашн гирифта шуд.

Ҳадаф аз баргузории он- баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум барои коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 13, 2023 17:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад