Бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши хавфи офатҳои табиӣ дар Хоруғ мусобиқаи қаиқронӣ доир шуд
ХОРУҒ, 02.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамкорӣ бо шуъбаи Хадамоти оташнишон ва Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Хоруғ ба муносибати Рӯзи байналмилалии коҳиши хавфи офатҳои табиӣ (13 октябр) дар Боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Хоруғ мусобиқаи қаиқронӣ ва машқи тактикии наҷоти кӯдакону наврасон аз ғарқшавӣ дар об ба роҳ монда шуд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши хавфи офатҳои табиӣ ҳамасола 13 октябр дар саросари ҷаҳон созмонҳои давлатию ҷамъиятӣ ва волонтёрон барномаҳои гуногуни зеҳнию маърифатӣ ва варзишӣ баргузор менамоянд. Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои наҷотдиҳӣ ва дигар сохторҳои наҷотдиҳӣ дар ҳавзи Боғи фароғатии шаҳр мусобиқаи қаиқронӣ ва роҳҳои наҷоти одамон аз ғарқшавӣ дар обро баргузор намуданд. Дар ин мусобиқа толибилмон аз муассисаи таҳсилоти миёнаи рақами 2-и шаҳр иштирок намуданд.
Сардори шуъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудудии Раёсати ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандони вилоят Шуҳрат Шоисматуллоев қабл аз мусобиқа ва машқи тактикӣ дар мулоқот бо кӯдакону наврасон иброз дошт, ки мувофиқи маълумоти созмонҳои дохилию байналмилалӣ, Тоҷикистон дар баробари тағйирёбии иқлим яке аз минтақаҳои аз ҳама осебпазир ба шумор меравад. Ҳамасола дар ҷумҳурӣ офатҳои табиӣ, ба мисли тарма, зилзила, селу сангфароӣ рух дода, ба ҷону моли мардум хатари ҷиддӣ мерасонанд.
Мувофиқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, танҳо давоми 20 соли охир ҳамасола тақрибан 150 офати табиӣ рух медиҳад, ки дар натиҷа ин офатҳо ба хоҷагии халқи ҷумҳурӣ зарари ҷиддии иқтисодию иҷтимоӣ мерасонанд. Аз ин рӯ Раёсати ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандон барои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ, омодагӣ ва вокуниш ба ҳар гуна офатҳои табиӣ барномаҳои махсус таҳия ва дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои наҷотдиҳӣ амалӣ менамояд. Бояд гуфт, ки аз ҳама қишри осебпазири ҷомеа- ин кӯдакон ҳастанд ва аз ин рӯ гурӯҳҳои наҷотдиҳӣ ҳангоми таҳияи чорабиниҳо бештар ба ҳамин қишри ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.
Дар ҳавзи шиноварии Боғи фарҳангии шаҳр мусобиқаи қаиқронӣ ва усулҳои наҷотдиҳӣ аз ғарқшавӣ баргузор гардид. Мақсади баргузории ин мусобиқа боз ҳам такмил додани малакаву маҳорати қаиқронии гурӯҳҳои наҷотдиҳӣ мебошад, ки дар лаҳзаҳои зарурӣ бе ягон таъхир сари вақт ҷони осебдидагонро аз хатару таҳдиди ғарқшавӣ бояд наҷот диҳанд.
Пас аз мусобиқаи варзишӣ ва машқи тактикӣ бо иштироки кӯдакону наврасон бозии зеҳнию маърифатӣ баргузор гардид ва хонандагон ба суолҳои марбут ба офатҳои табиӣ, ба мисли тарма, сел, сангфароӣ, сабабу роҳҳои наҷоти одамон аз ин офатҳо ҷавобҳои муфассал доданд. Кӯдакону наврасон ҳамчунин аз роҳбарияти Раёсати фавқулода хоҳиш намуданд, ки дар оянда ба ин гуна мусобиқаву маҳфилҳо волидони онҳоро низ даъват намоянд, ки ин аз тарафи масъулини раёсат бо хушнудӣ пазируфта шуд.
Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон изҳор доштанд, ки ғолибони ин бозии зеҳнию маърифатӣ дар Рӯзи байналмилалии паст намудани хавфи офатҳои табиӣ, ки ҳамасола дар ҷаҳон 13 октябр баргузор мегардад, бо мукофот ва туфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи рақамии «eTib» фаъол гардид
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд
Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид
Конгресси байналмилалии «Инсон ва дору» баргузор гардид
Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст
Дар Пекин масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҷрибаи муосири давлатдорӣ баррасӣ гардиданд
Дар Москва ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар вилояти Суғд роҳпаймоии идона баргузор шуд
Ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистону Чин дар Пекин баррасӣ гардид
Рӯзи Президентро дар ноҳияи Ёвон бо баргузории чорабиниҳои гуногун таҷлил намуданд
Ба муносибати Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор шуд






