Беш аз 27 ҳазор нафар бар асари обхезӣ дар ҷануби Мянма хонаҳои худро тарк намудаанд

Октябрь 12, 2023 12:00

ДУШАНБЕ, 12.10.23 /АМИТ «Ховар»/. То шаби сешанбе бар асари обхезиҳо дар маҷмуъ 27 ҳазору 302 нафар дар 47 урдугоҳи наҷотдиҳӣ дар минтақаи Баго дар ҷануби Мянма паноҳ бурдаанд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус хабаргузории иттилоотии «Синхуа» бо истинод ба телевизиони давлатии MRTV хабар додааст.

Тибқи иттилои Хадамоти обуҳавошиносӣ ва гидрологии мамлакат, сатҳи оби рӯдхонаи Баго аз рӯзи якшанбе инҷониб болотар аз сатҳи хатар қарор гирифтааст. Сатҳи об дар шаҳри Баго рӯзи сешанбе аз сатҳи хатарнок тақрибан 121 см боло буд,-хабар доданд дар хадамот. Давоми рӯз 15 сантиметр паст шудани сатҳи он дар назар дошта шудааст.

“Ин бузургтарин обхезӣ аст, ки ман дар 35 соли умрам аз сар гузаронидам. Оби нӯшокӣ мавҷуд нест, то ки ягон хӯрок пазем. Ҳама чиз зери об монд”,-гуфт ба хабарнигори «Синхуа» як сокини Баго.

Амалиёти наҷотдиҳӣ идома дорад.

 АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 12, 2023 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид