Бонкҳои Амороти Муттаҳидаи Араб дар Тоҷикистон намояндагӣ ифтитоҳ менамоянд
ДУШАНБЕ, 04.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба кушодани намояндагиҳо ва филиалҳои бонкҳои Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқоти муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо мудири бахши робита бо ташкилоти давлатӣ ва суратҳисобҳои ғайрибонкии Бонки марказии Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) Салем Ал-Ҳармӣ дар Душанбе баррасӣ шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Таъкид шуд, ки дар Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби сармояи мустақим ва фаъолияти озоду бемамониати сармоягузорони хориҷӣ дар бахши иқтисодиёт, аз ҷумла низоми бонкӣ шароити хуби фаъолият ва заминаи меъёрию ҳуқуқии мукаммал муҳайё шудааст.
Салем Ал-Ҳармӣ ҳавасмандии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории дуҷонибаи судманд ва имконияти сармоягузорӣ дар бахшҳои иқтисодиёти мамлакат, аз ҷумла низоми бонкӣ баён дошт. Мавсуф гуфт, ки ташрифи соҳибкорону сармоягузорони АМА ҷиҳати пайгирии раванди татбиқшавии санадҳои ҳамкории баимзорасида байни соҳибкорони ду давлат дар ҷараёни баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе – 2023 ба таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ такони нав мебахшад.
Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба имконияти саҳмгузорӣ ба сармояи бонкҳои Тоҷикистон аз ҷониби сармоягузорони ин давлат, бонкдории исломӣ, кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни бонкҳои марказии АМА ва Тоҷикистон дар самтҳои гуногуни низоми бонкӣ, аз ҷумла табодули маълумот ва омӯзиши таҷрибаи АМА дар самти бонкдории исломӣ баррасӣ шуданд.
Мусоҳибон ҳамчунин ба масъалаи ба роҳ мондани ҳамкории судманд байни бонкҳои марказии АМА ва Тоҷикистон дар самтҳои гуногуни бахши бонкӣ ва ба имзо расонидани лоиҳаи нави Ёддошти тафоҳум дар самти мубодилаи маълумот ва таҷриба байни бонкҳои марказӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2165 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Остона Конфронси байналмилалии иқтисодии Фонди авруосиёии субот ва рушд баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд






