Бозори суғуртаи Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони байналмилалии «TA Consult» таҳқиқ мешавад

Октябрь 3, 2023 19:26

ДУШАНБЕ, 03.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Суғурта дар ҷаҳони муосир яке аз бахшҳои муҳимми низоми молиявӣ маҳсуб шуда, имрӯз он бо роҳнамоиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саъю талошҳои мақоми назорати суғуртавӣ ва ҳамкории судманди ташкилоти суғуртавии мамлакат рушд менамояд. Ин нуктаро муовини аввали Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар ҷаласае, ки дар Душанбе бо иштироки намояндагони департаменти амалиётии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд /БАТР/ оид ба ҳамкорӣ бо институтҳои молиявии Осиёи Марказӣ, роҳбарони ташкилоти суғуртавии мамлакат ва Ассотсиатсияи миллии ташкилоти суғуртавии Тоҷикистон доир гардид, таъкид намуд.

Ба АМИТ «Ховар»  дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ  доданд, ки  лоиҳаи кумаки техникии БАТР аз ҷониби гурӯҳи «TA Consult» татбиқ мегардад. Гуфта шуд, ки он яке аз лоиҳаҳои муҳим ва аввалини БАТР дар соҳаи суғурта буда, ба таҳияи Стратегияи рушди бозори суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст.

Инчунин рӯнамо доир ба  «Ҳисобот оид ба ташхиси бозори суғурта» пешкаши иштирокдорони  ҳамоиш гардонида шуд, ки он  маълумоти пурра ва таҳлилҳои амиқи  вазъи имрӯзаи бозори суғуртаи ҷумҳуриро фаро гирифт. Ҳамзамон таваҷҷуҳи иштирокдорони бозори суғурта ба муҳокима ва таҳияи лоиҳаи Стратегияи рушди бозори суғурта, ки бо мақсади муайян намудани самтҳои асосӣ ва афзалияти рушди бозори суғурта ва раванди назорати он аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон омода шудааст, ҷалб гардид.

Дар ҷаласа аз ҷониби роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон оид ба вазъи бозори суғурта ибрози назар шуд. Гуфта шуд, ки ҳисоботи мазкур барои рушди бозори суғуртаи мамлакат бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР аз ҷониби коршиносони гурӯҳи «TA Consult» омода шудааст, ки минбаъд дар таҳияи Стратегияи рушди бозори суғурта истифода шуда, дар рушди иқтисодиёти мамлакат нақши муҳим дорад. Ҳисоботи таҳиянамудаи коршиносони байналмилалӣ мустақил буда, дар баробари инъикоси вазъи имрӯзаи бозори суғуртаи Тоҷикистон инчунин дастовард ва мушкилоти мавҷудаи соҳаро дар бар мегирад.

Дар робита ба ин, зарур аст, ки ҷиҳати ҳалли саривақтии мушкилоти ҷойдошта аз тамоми имконияти мавҷуда истифода бурда шавад. Инчунин оид ба ҷанбаҳои гуногуни рӯнамои «Ҳисобот оид ба ташхиси бозори суғурта», ки аз ҷониби коршиносони байналмилалии гурӯҳи «TA Consult» омода ва пешниҳод шудааст, табодули афкор доир шуд.

Барои  беҳтар намудани  вазъи бозори суғурта ва саҳми он дар рушди иқтисоди мамлакат пешниҳодҳои судманд баён гардид.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Октябрь 3, 2023 19:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Рушди инфрасохтори пардохтӣ дар вохӯрии минтақавии роҳбарияти бонкҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баррасӣ шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд