Дар Бали Муколамаи сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об баргузор гардид

Октябрь 13, 2023 14:20

ДУШАНБЕ, 13.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 12 октябр  Фиристодаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эътилофи роҳбарикунанда оид ба об ва иқлим Султон Раҳимзода дар Муколамаи сатҳи баланди ҷаласаи дуюми машваратии ҷонибҳои манфиатдори Форуми 10-уми ҷаҳонии об дар Бали (Индонезия) иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар котиботи тоҷикистонии Конфронси СММ оид ба захираҳои об хабар доданд.

Султон Раҳимзода зимни суханронӣ аҳамияти раванди сиёсии Форуми 10-уми ҷаҳонии обро таъкид намуда, гуфт, ки Конфронси оби СММ, ки давлатҳои аъзо, ниҳодҳои СММ, созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои молиявӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро ба ҳам меорад,  дар  гардиши ҷаҳонии об манфиати муштарак мебошад. Фаҳмиши беҳтар, идора ва ҳифзи захираҳои об ба нафъи ҳама ва шукуфоии муштарак масъулияти ҷомеаи ҷаҳонӣ аст. «Анҷумани 10-уми ҷаҳонии об як имконияти хубе барои таҳкими натиҷаҳои Конфронси обии СММ дар соли 2023 дар ташаккули сиёсат ва амалҳои глобалии об барои солҳои зиёд хоҳад буд», — гуфт ӯ.

Иштирокдорон чорабиниҳои минбаъдаро, ки уҳдадориҳои сиёсӣ ва нақшаҳои амалро дар асоси барномаҳо ва мавзуъҳои навшуда пайваст менамоянд, баррасӣ намуданд.

АКС: Котиботи Конфронси СММ оид ба захираҳои об дар Тоҷикистон

Октябрь 13, 2023 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд