Дар Душанбе мусобиқаҳои варзишӣ оид ба бокс ва варзиши сабук доир мегарданд
ДУШАНБЕ, 25.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 27-28 октябр дар шаҳри Душанбе мусобиқаҳои варзишӣ оид ба бокс ва варзиши сабук доир мегарданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
27 октябр, соати 19:00 дар Муассисаи давлатии «Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мусобиқаи варзишӣ оид ба бокс ва 28 октябр, соати 11:00 мусобиқаи варзишӣ оид ба варзиши сабук аз Муассисаи давлатии «Майдони Истиқлол» то пули қаторгузари назди Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва бозгашт то макони оғоз доир мегарданд.
Бо ин мақсад имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кумитаи тадорукот оид ба баргузории мусобиқаҳо бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, роҳбарони сохторҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ, намояндагони федератсияҳои варзишӣ ва дигар масъулини соҳаи варзиши шаҳрию ҷумҳуриявӣ доир шуд.
Мусобиқаҳо аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамоҳангӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи бокси Тоҷикистон баргузор мегарданд.
Мусобиқаи варзишӣ оид ба варзиши сабук марҳилаи якум байни кӯдакон, дар масофаи 500 метр, марҳилаи дуюм байни дӯстдорони варзиш дар масофаи 5 км ва марҳилаи сеюм байни варзишгарони касбӣ дар масофаи 10 км дар 5 номинатсия доир мегардад.
Ғолибон ва ҷоизадорони он бо мукофотҳои арзишманди молиявии аз 7 000 то 50 000 сомонӣ сарфароз гардонида мешаванд, ки дар маҷмуъ 2 миллион сомониро ташкил медиҳад.
АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






