Дар Душанбе рӯнамоии тарҷумаи арабии китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров доир гардид

Октябрь 28, 2023 08:54

ДУШАНБЕ, 28.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 27 октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯнамоии ду ҷилд китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров, ки аз ҷониби адиб ва тарҷумони шинохтаи Сурия доктор Иброҳим Истанбулӣ ба забони арабӣ тарҷума гардида, дар нашриёти Баали шаҳри Димишқи Ҷумҳурии Арабии Сурия нашр гардидааст, доир шуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар маросими рӯнамоӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, директори Китобхонаи миллӣ Ҷумахон Файзализода, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ва дигар намояндагони вазорату идораҳо иштирок намуданд.

Иброз гардид, ки сиёсати инсондӯстонаву фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият фароҳам оварад, ки мардуми сарбаланди тоҷик ҷиҳати баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва бедор намудани худшиносиву худогоҳии миллиашон дар радифи дигар миллату халқият аз таъриху тамаддуни оламшумули худ огоҳ бошанд.

Дар ин замина Президенти мамлакат  дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 декабри соли 2019) Ҳукумати мамлакатро вазифадор намуданд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик ва ҳарчи бештар ҷалб намудани мардуми фарҳангсолори тоҷик барои ҳифзи ҳувият ва анъанаву арзишҳои миллӣ то ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шоҳасари аллома Бобоҷон Ғафуровро аз чоп бароварда, ба ҳар оилаи мамлакат дастрас намоянд. Хушбахтона, ин дастури Роҳбари давлат аз ҷониби масъулин иҷро гардида, дар айни замон он ҳамчун ганҷинаи нодир ва махзани маърифат ҷиҳати шиносоӣ бо таъриху тамаддуни миллати тоҷик ба ҳар хонадон хизмат менамояд.


Дар ин замина узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Назруллоҳи Назар аз ҷониби нашриёти Баали шаҳри Димишқи Ҷумҳурии Арабии Сурия нашри тарҷумаи шоҳасари фарзанди баруманди Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон»-ро мояи хушнудӣ ва сарфарозӣ медонад. Ӯ изҳор медорад, ки нашри ин китоб рӯйдоди илмӣ ва фарҳангӣ ба шумор рафта, таъриху фарҳанг ва тамаддуни тоҷиконро ба ҷаҳони араб муаррифӣ менамояд.

Иттилоъ дода шуд, ки Иброҳим Истанбулӣ аз тарҷумонҳои муваффақ ба шумор рафта, унвони тарҷумони солро ҳам ноил гаштааст. Ҳамзамон тарҷумаи осори як силсила адибони бузурги Русия, аз ҷумла Расул Ғамзатов ва дигар нависандагони Доғистон ба забони арабӣ ба қалами доктор Иброҳим Истанбулӣ тааллуқ дорад.

Дар муқаддимаи «Тоҷикон» ба забони арабӣ, аз ҷумла омадааст: «Лоҷарам, хонандаи араб бо таърихи халқи тоҷики куҳанбунёд ҳанӯз тавассути китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих», ки ду маротиба дар Қоҳира солҳои 2009 ва 2011 дар чор ҷилд дар нашриёти Дору-л-фикри-л-арабӣ ба табъ расида буд, бори нахуст шинос шудааст ва акнун чопи ин китоб фурсати дигареро ба хонандаи араб барои шиносоии амиқтар муҳайё месозад».

Ҳамчунин муаллифи муқаддима ба таваҷҷуҳи хонандаи араб мерасонад, ки китоби «Тоҷикон» дар даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аҳамияти беандоза касб намуда, бо ташаббуси Сарвари давлат ба забони тоҷикӣ нашр ва ба ҳар хонадон эҳдо шуд. Ҳамзамон маъракаи тарҷумаи он ба забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони арабӣ оғоз шуда, соли 2023 дар Тоҷикистон Соли бузургдошти китоби «Тоҷикон» ва муаллифи он академик Бобоҷон Ғафуров эълон гардид.

Ноширон, тавре ки дар паёми худ (нусхаи он дар ихтиёри АМИТ «Ховар» қарор дорад) ба унвони Сафорати Тоҷикистон дар Москва изҳор доштаанд, чопи якуми тарҷумаи ин шоҳасарро ба муносибати Соли бузургдошти китоби «Тоҷикон» ва муаллифи он академик Бобоҷон Ғафуров ҳамчун армуғон ба Соҳиби ташаббуси тарғиби он- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшидаанд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 28, 2023 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Душанбе Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ оғоз мегардад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб
«ДОСТОНИ ХУДШИНОСӢ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Пагоҳ Душанбе мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ мегардад
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди маҷмааи нассоҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб санги асос гузоштанд
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ