Дар гидроагрегатҳои неругоҳҳои «Норак» ва «Бойғозӣ» корҳои навсозӣ ва таъмири ҷорӣ идома доранд
НОРАК, 16.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Неругоҳи барқи обии «Норак» барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 ва дар мавсими сармо таъмин намудани соҳаҳои иқтисоди миллӣ бо барқи хушсифат корҳои таъмири ҷорӣ, миёна ва асосии гидроагрегатҳо ва таҷҳизоти ёрирасонро мувофиқи нақша мегузаронанд. Дар ин хусус ба мухбири АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд сармуҳандиси НБО-и «Норак» Маҳмадамин Маҳмадсаидзода хабар дод.
Тибқи иттилои сардори шуъбаи истеҳсоли техникии НБО-и «Норак» Анвар Киромаддинов, то имрӯз мутахассисон ин корхонаи бузург аз рӯи нақшаи корҳо барои омода намудани неругоҳ ба кори муътадил ва устувор дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 корҳои муҳим, аз ҷумла захира намудани равғанҳои ТП–30 ва Т–1500, таъмири дегхонаи системаи гармидиҳӣ, таъмири бинои озмоишгоҳи кимиёвӣ, таъмири бинои хоҷагии равған (ТХМ), тоза намудани сангрезаҳо аз паси девори муҳофизатии “Зилзиласанҷӣ” ва таъмини оби гарм, дар ҳолати омодабош нигоҳ доштани дизел-генераторҳо, баровардани селовардҳо аз барражҳои №1-2-и сойи Сафедоб ва аз ҳавзи сойи Лагер пурра иҷро намудаанд.
Дар айни замон дар баъзе гидроагрегатҳои НБО-и «Норак» корҳои навсозӣ ва мувофиқи нақшаи неругоҳ таъмири ҷорӣ идома доранд.
Кормандони Неругоҳи барқи обии «Бойғозӣ» низ барои истеҳсоли барқи хушсифат дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 омодагии ҷиддӣ гирифтаанд. Муовини сардори Хадамоти истифодаи техникии неругоҳи «Бойғозӣ» Тоҷиддин Зайниддинов гуфт, ки барои бо оби гарм ва низоми гармидиҳӣ таъмин намудани бинои маъмурии неругоҳ дар дегҳои барқии обии 1,2,3 таъмир гузаронида шуда, қисмҳои корношоями онҳо аз нав барқарор гардид.
Ҳамчунин барои таъмини бехатарии кормандон дар роҳи нақлиётгарди Чашма-Бойғозӣ ва Бойғозӣ-Оби туғ 30 метри мукааб маводи зидди лағжиш, 500 км намак, 5 тонна сӯзишвории дизелӣ ва 2 тонна бензин захира шудааст. Ҳамзамон техникаҳои неругоҳ дар ҳолати корӣ қарор доранд.
Масъулини неругоҳ гуфтанд, ки дар асоси нақшаи неругоҳ ҳоло дар генераторҳои неругоҳ таъмири ҷорӣ идома дорад.
АКС: НБО-и «Норак» ва НБО «Бойғозӣ»








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






