Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиш баргузор гардид

Октябрь 5, 2023 15:50

ДУШАНБЕ, 05.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Иброз гардид, ки забони давлатӣ маърифату фарҳанг, ахлоқу одоб, бинишу афкори ҳар миллатро чун ойина инъикос менамояд. Забони тоҷикӣ асоси ҳувияту худшиносии миллӣ ба шумор рафта, барои ҳар фарди тоҷик азизу муътабар мебошад, зеро танҳо ба василаи забони миллӣ метавон ҳофизаи таърихиву фарҳангиро пос дошта, пайванди хешро бо адабиёту фарҳанг ва илму дониши давоми ҳазорсолаҳо офаридаи гузаштагонамон эҳсос намуд.

Имрӯз бо ифтихору қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муваффақона ва бомаром идома дорад.

Гуфта шуд, ки маҳз бо шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони истиқлолияти давлатӣ забони тоҷикӣ ба арсаи байналмилалӣ баромада, имрӯз аз баландтарин минбарҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид садо медиҳад, ки мояи ифтихори ҳар фарди миллат мебошад.

Ҳоло аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду инкишофи забони давлатӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуда, тамоми асноди қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ таҳия мегарданд. Илова бар ин рӯзномаву маҷаллаҳо, китобҳои дарсиву таълимӣ, оммавию бадеӣ ба забони давлатӣ ба нашр мерасанд.

Имрӯзҳо ба шарофати соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ дар тамоми қаламрави мамлакат мақоми шоиста пайдо намудааст. Албатта, арҷ гузоштан ба забони давлатӣ ва риояи меъёрҳои он шароит фароҳам месозад, ки сохтори он такмил гардад ва қонунмандии рушди забони давлатӣ тақвият ёфта, инкишофи бонизоми он таъмин шавад.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 5, 2023 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид