Дар маркази ноҳияи Роштқалъа сохтмони мактаби нав идома дорад
ХОРУҒ, 15.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази ноҳияи Роштқалъа Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии нав бунёд карда мешавад, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.
Мутобиқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сари вақт мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии маркази ноҳияи Роштқалъа корҳои сохтмонӣ дар фасли зимистон низ идома меёбанд. Чанд даҳсола пеш дар ҳудуди вилоят дар фасли сарди зимистон бунёди ҳама гуна сохтмонҳо то фарорасии фасли баҳор муваққатан қатъ мегардиданд. Зеро он замон маҳлулҳои хос ба муқобили сардӣ, ки дар таркиби масолеҳи сохтмонӣ омехта менамоянд, вуҷуд надоштанд. Аммо ҳоло чунин масолеҳ вуҷуд дорад ва бо истифода аз он ҳар гуна масолеҳи сохтмонӣ ба сардӣ тоб оварда метавонад.
Сардори Раёсати маорифи вилоят Аминҷон Мирзоқандов гуфт, ки «бунёди чунин бинои боҳашамат барои насли наврас дар ноҳияи Роштқалъа идомаи мантиқии сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат буда, бо ҳамин роҳ ба беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсил ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълиму тарбияи хонандагон метавон мусоидат намуд».
Ин муассисаи таълимии замонавӣ барои 640 хонанда пешбинӣ шуда, аз 4 ошёна иборат аст. Дар ошёнаи якум ва дуюм утоқҳои таҷрибавии фаннӣ, толор барои хониш, ду китобхона, маҷлисгоҳ, синфхонаҳои компютерӣ, толор барои баргузор намудани барномаҳои фарҳангию фароғатӣ ва хонаи муаллимон ҷой дода шудаанд. Ошёнаи сеюм ва чорум пурра барои синфхонаҳо ҷудо гардидааст.
Синфхонаҳои фаннӣ дар доираи татбиқи ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои солҳои 2020-2040 бо тамоми лавозимоту аёнияти таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида мешаванд.
Бо мақсади рушди намудҳои гуногуни варзиш дар ин таълимгоҳ толори алоҳидаи варзишӣ бунёд меёбад, ки дар он барои навъҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла обу тоб додани бадан, волейболу баскетбол ва футбол шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Ҳамчунин дар назди бинои таълимӣ майдон барои бозии футболи хурд низ сохта мешавад, ки барои баргузор намудани мусобиқаҳои деҳотию ноҳиявӣ кӯдакону наврасон ва ҷавонони ноҳия аз он истифода мебаранд».
Бояд гуфт, ки мутобиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Роштқалъа барои солҳои 2021-2025 татбиқи 92 лоиҳа ба маблағи беш аз 222 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки аз ин ҳисоб то имрӯз 13 лоиҳа ба маблағи 80 миллион сомонӣ ба анҷом расонида шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд






