Дар Марокаш ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 16.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи ҷаласаҳои солонаи Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дар Шоҳигарии Марокаш бо ноиби Президенти минтақавии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) хонум Ҳела Шейхрухоу мулоқот намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар оғози мулоқот ба роҳбарияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ барои ҳамкории пурсамар миннатдорӣ баён гардид. Тазаккур дода шуд, ки Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ яке аз шарикони боэътимоди Бонки милли Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, бо кумакҳои техникӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон дар самтҳои баланд бардоштани сатҳи идоракунии корпоративии бахши бонкдории мамлакат, ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, мусоидат ба рушди низоми муосири бонкдорӣ ва хизматрасонии молиявии рақамӣ нақши муҳим мебозад.
Ҳамзамон дар идома иброз гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон якҷо бо Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар самти таҳияи Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ барои солҳои 2022-2026 корҳои зиёди қобили таваҷҷуҳро анҷом додаанд.
Дар фарҷом ҷонибҳо изҳори умедворӣ намуданд, ки ҳамкорӣ байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ минбаъд низ инкишоф ва густариш меёбад.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 9.9500 то 10.2212 сомонӣ муқаррар гардидааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид






