Дар муассисаи таълимии №36-и шаҳри Кӯлоб синфхонаҳои иловагӣ ифтитоҳ гардиданд
ДУШАНБЕ, 20.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб бо иштироки Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36 синфхонаҳои иловагӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуданд.
Раиси вилояти Хатлон бо омӯзгорону хонандагон суҳбат намуда, аз таҳсилу фаъолияти онҳо огоҳ гардид. Ба аҳли маориф дастур дода шуд, ки барои беҳтар шудани сифати таълиму тарбия кӯшиш намоянд.
Ҳамчунин маорифчиён ваъда доданд, ки насли наврасро дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ифтихори миллӣ тарбия менамоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






