Дар Тоҷикистон 3 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ амалӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 13.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон 3 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ бо маблағи беш аз 39 миллион доллари ИМА амал менамоянд, ки ин лоиҳаҳои татбиқшаванда ба беҳтар намудани соҳаи кишоварзӣ ва рушди минбаъдаи он дар мамлакат нигаронида шудаанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Аз ҷумла, яке лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» мебошад, ки бо саҳми Ҳукумати мамлакат ва Фонди байналмилалии рушди соҳаи кишоварзӣ, ташкилоти хизматрасон ва аҳолӣ амалӣ гардида истодааст.
Ҳамзамон Лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа (CARS+)» бо саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ аз моҳи апрели соли 2023 оғоз гардида, то соли 2030 идома меёбад.
Инчунин Лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ» аз соли 2021 амал дорад, ки ба татбиқи босамари он Бонки ҷаҳонӣ ҷалб шудааст. Маблағи азхуднамудаи лоиҳа беш 9 миллион доллари ИМА буда, муҳлати анҷоми он соли 2026 дар назар дошта шудааст.
Ҳадафи асосии лоиҳа- тақвияти заминаи бахши устувори соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ тавассути зиёд намудани дастрасии тухмии хушсифат, ниҳолҳои ба иқлим тобовар, беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасонии агрологистикии деҳқонон ва корхонаҳои кишоварзӣ, тақвияти идоракунии институтҳои давлатӣ мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки маблағҳои ҷалбшуда дар доираи ин лоиҳаҳо ба фароҳам овардани муҳити мусоид, таҳқиқот, баланд бардоштани иқтидори муассисаҳои миллии кишоварзӣ дар самти таҳқиқот ва рушд барои мутобиқ гардонидани технологияҳои мавҷуда ба шароити маҳал, зиёд намудани тухмиҳо, ниҳолҳо ва маводи ниҳолшинонӣ, таъмини сифат, дастгирии фаъолияти марказҳои агрологистикӣ, мониторинги воқеии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи замин ва агрометереология равона мегарданд.
Татбиқи тамоми унсурҳои лоиҳаҳо саривақтӣ буда, онҳо дар иҷрои ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои қабулшуда, аз ҷумла Барномаи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, Консепсияи ташкил ва рушди кластерҳои агросаноатӣ, таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва амалишавии дигар барномаҳои соҳавӣ саҳми назаррас мегузоранд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






