Дар вилояти Хатлон ҷашни Меҳргон пуршукуҳ таҷлил шуд

Октябрь 16, 2023 08:41

ДУШАНБЕ, 16.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр бо иштироки Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Хуросон ҷашни Меҳргон таҷлил гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят хабар доданд.

Таъкид гардид, ки ҷашни Меҳргон ҳамчун иди меҳру муҳаббат, дӯстию рафоқати одамон ба якдигар, накукорӣ, тантанаи ранҷи кишоварзон аст, ки ниёгони мо дар мавсими ҷамъоварии ҳосил таҷлил менамуданд. Бинобар ин Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор ва айёми ҷамъоварии ҳосил мебошад.

Гуфта шуд, ки кишоварзони қавииродаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар заминаи таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон бо истифода аз имконияту шароити мавҷуда заминро мақсаднок истифода бурда, ҳосили фаровон ба даст оварданд.

Дар доираи таҷлил аз ҷашни Меҳргон дар маркази ноҳия намоиш-фурӯши молу маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид ва сокинон тавонистанд бо нархҳои дастрас молу маҳсулоти мавриди ниёзи аввалро харидорӣ намоянд.

АКС: Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон

Октябрь 16, 2023 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд