Дар заминларзаи навбатӣ дар Афғонистон як нафар ҳалок ва 50 нафар маҷруҳ шуданд

Октябрь 12, 2023 17:02

ДУШАНБЕ, 12.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар заминларзаи такрории Афғонистон як нафар ҳалок ва 50 нафари дигар маҷруҳ шуд. Ин ҳодиса субҳи 11 октябр дар вилояти Ҳирот дар ғарби кишвар рух додааст, иттилоъ медиҳад ТАСС.

Заминларза бо шиддати 6,3 балл дар километри 27-уми самти ҷанубу шарқи шаҳри Ҳирот сабт гардида, заминларзаи такрорӣ бо шиддати 5 балл дар километри 28-уми самти шимолу ғарби ин маҳалли аҳолинишин сабт гардидааст. Дар натиҷа беш аз 50 нафар маҷруҳшудагон ба беморхонаи маҳаллӣ интиқол ёфтанд. Маълум гардид, ки як нафар ҳалок шудааст. Ин ҳодисаи табиӣ инчунин зарари зиёди моддӣ расонидааст.

Ёдовар мешавем, ки заминларзаи қаблӣ 7 октябр дар кишвар рух дода буд. Маркази он дар  километри  42-юми самти шимолу ғарби Ҳирот ҷойгир буд, ки дар ин ҷо 272 ҳазор нафар зиндагӣ менамоянд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 12, 2023 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд