Директори Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд

Октябрь 3, 2023 08:47

ДУШАНБЕ, 03.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои муштарак оид ба рушди содироти молу маҳсулоти истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид гардидани он ба бозори ҷаҳонӣ тавассути тиҷорати электронӣ, таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи маркетинг ва логистика зимни  мулоқоти Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода ва намояндагони Бонки ҷаҳонӣ оид ба лоиҳаи тиҷорати электронӣ Оберт Пимхидзай  ва Чию Нию мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Агентии содирот хабар доданд, дар вохӯрӣ ҳамзамон масъалаи ташкили марказҳои логистикӣ дар самти банду баст, коркард, захира, нигоҳдорӣ ва содироти маҳсулот ба хориҷи мамлакат баррасӣ шуд. Вобаста ба ин масъала Директори Агентӣ гуфт, ки дар самти ҳалли масъалаҳои логистикӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, барои таъсиси марказҳои логистикӣ сармоягузории хориҷӣ зарур мебошад.

Ҷонибҳо оид ба намудҳои механизмҳои истифодашаванда дар раванди ҷамъоварии ҳосил, масоили ҷойдошта дар ҷараёни содироти маҳсулоти кишоварзӣ, самтҳои ҳамкорӣ ва нақшаҳои оянда баҳри рушди содироти меваҳои тару тоза, аз ҷумла лимӯ, гелос ва ангур ба Ҷумҳурии Мардумии Чин тавассути тиҷорати электронӣ ибрози андеша намуданд.

Намояндагони Бонки ҷаҳонӣ омодагии худро дар самти ҳамкорӣ бо Агентии содирот ҷиҳати дастгирӣ намудани пешниҳодҳои агентӣ баён доштанд.

АКС: Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 3, 2023 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд