Донишҷӯёни тоҷик дар Форуми байналмилалии ҷавонон дар шаҳри Москва иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 26.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 24 октябр дар Донишгоҳи давлатии забоншиносии шаҳри Москва Форуми 3-юми байналмилалии ҷавонон таҳти унвони «Дӯстии халқҳо» бо иштироки ҷавонон ва донишҷӯёни давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар доданд.
Дар маросими ифтитоҳи форум Ректори Донишгоҳи давлатии забоншиносии Москва, намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия, сафоратҳои давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва диаспораҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуданд.
Дар форум донишҷӯёни тоҷик аз донишгоҳҳои шаҳри Москва фаъолона иштирок намуда, фарҳангу санъати волои Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ сохтанд.
Мавриди тазаккур аст, ки форум ба таҳкими равобити дӯстона байни созмонҳои ҷавонони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил равона гардидааст.

Дар қисмати дигари форум панели мубоҳисавӣ дар мавзуи «Диаспора ва муоширати байнифарҳангиву иртибот байни наслҳо: мерос ва ояндаи умумӣ» доир шуд.
Гуфтан ба маврид аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо талошу дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши ҷавонон дар сиёсат, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ баръало эҳсос мегардад. Ҷавонон имрӯз соҳиби саводи баланд ва касбу кори гуногун буда, дар пешрафти илму техника ва ихтироъкориву навоварӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Баргузории чунин форумҳо метавонад дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории манфиатбахш байни донишҷӯёни тоҷик ва донишҷӯёни давлатҳои дигари иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мусоидат намояд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия











Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид






