Имрӯз дар Тоҷикистон борон ба амал меояд

Октябрь 26, 2023 08:10

ДУШАНБЕ, 26.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борони суст ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо нимаи дуюми рӯз дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 гарм, дар шарқи вилоят шабона 7-12 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, шабона бебориш пешгӯӣ шуда, саҳаргоҳон ва рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 18+23 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда, шабона  бебориш пешгӯӣ шуда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борони суст ба амал меояд.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа гарм ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона 8+13 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда, шабона бебориш пешгӯӣ шуда, саҳаргоҳон ва рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония  мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 18+23 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6 ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда, шабона бебориш пешгӯӣ шуда, рӯзона дар баъзе ҳолатҳо борони суст ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ  бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 10+12 ва рӯзона 20+22 дараҷа гарм мешавад.

Октябрь 26, 2023 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд