Имрӯз дар Тоҷикистон вазъи ҳаво якбора номусоид мегардад

Октябрь 13, 2023 08:10

ДУШАНБЕ, 13.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво якбора номусоид шуда, дар бештари минтақаҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон борони бошиддат ба амал меояд. Ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 10-15 дараҷа паст шуда, дар баъзе ноҳияҳо шиддатнокии вазиши шамол бо суръати то 17-22 метр дар як сония дар назар аст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда  шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр борон бо гузариш ба барф) ба амал меояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 гарм, дар шарқи вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон, дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат (дар баландиҳои зиёда аз 2200 метр борон бо гузариш ба барф) ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 дараҷа гарм, рӯзона 9+14 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои абрнок шуда, борон, дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 17-22 метр дар як сония вазида, шабона дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд.  Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои  доманакӯҳӣ шабона 5+10 дараҷа ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар водиҳо борон борида, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон, дар баъзе ноҳияҳо борон бо гузариш ба барф, саҳаргоҳон ва рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба ғарб бо суръати 5-10, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 15-20 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок дар назар буда, саҳаргоҳон ва рӯзона борони бошиддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб  бо суръати 4-9, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона ва рӯзона 12+14 дараҷа гарм мешавад.

Октябрь 13, 2023 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд