Масъулини ниҳодҳои Тоҷикистон ва Нидерланд доир ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ табодули назар намуданд

Октябрь 13, 2023 15:49

ДУШАНБЕ, 13.10.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаҳри Леувардени Шоҳигарии Нидерланд бо иштироки роҳбарият ва масъулини вазорату  идораҳои Тоҷикистон  ва доираҳои тиҷоратии  Шоҳигарии Нидерланд дар самти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҳамоиш баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҳамоиш муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии  ҷумҳурӣ Хуршед Мирзо  доир  ба фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ва имконоти сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногуни мамлакат маълумот пешниҳод намуд.

Ҷонибҳо дар бораи ба роҳ мондани робитаҳои судманд дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла кишоварзӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ширӣ табодули назар намуданд.

Дар фарҷом аз иштирокдорони ҳамоиш даъват ба амал оварда шуд, ки ба амалишавии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ барои ташкили корхонаҳои муштарак таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 13, 2023 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард