Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо вазъи омодагии соҳаҳои иҷтимоии ноҳияи Рӯдакӣ ба давраи тирамоҳу зимистон шинос гардид

Октябрь 4, 2023 15:39

РӮДАКӢ, 04.10.2023 /АМИТ «Ховар»/.  3 октябр муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар ноҳияи Рӯдакӣ бо вазъи  омодагии соҳаҳои иқтисоди миллӣ  ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024, захираи хӯрок, ҳезуму ангишт, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ, иҷрои нақшаю дурнамои кишти тирамоҳӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷет ва ҷараёни маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ шинос шуд. Дар ин хусус  ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода нахуст бо фаъолияти  Боғи фарҳангию фароғатии ноҳия, муассисаҳои таълимии деҳаҳои дурдаст, марказҳои саломатии деҳот, ҷамоатҳои деҳот ва хоҷагиҳои деҳқонӣ шинос шуданд.

Ҳамчунин  муовини Сарвазири мамлакат бо роҳбарони сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия машварати корӣ доир намуда, ҷиҳати беҳтар гардонидани шароити таҳсил дар муассисаҳои таълимии деҳоти дурдаст, беҳтар намудани хизматрасонӣ ба сокинон аз ҷониби сохтору идораҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, риояи талаботи қонунгузорӣ аз ҷониби комиссияи даъват ҳангоми маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ вазифагузорӣ намуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ

Октябрь 4, 2023 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид