Намояндаи Тоҷикистон узви Кумитаи доимии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз минтақаҳои аврупоӣ интихоб гардид

Октябрь 26, 2023 10:14

ДУШАНБЕ, 26.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи 73-юми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ оғоз гардид, ки дар он доктори илмҳои тиб, профессор, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломуддин Юсуфӣ ба ҳайси узви Кумитаи доимии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз минтақаҳои аврупоӣ интихоб шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ.

Дар ҷаласа муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломуддин Юсуфӣ, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии вазорат Раъно Раҳимова иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки аъзои Кумитаи иҷроияи минтақаи аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз 53 мамлакати аъзо буда, намояндагони 4 давлат- Исландия, Шветсия, Сербия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи овоздиҳӣ ба ҳайси аъзои Кумитаи доимии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз минтақаҳои аврупоӣ интихоб шуданд.

Ин бори дуюм аст, ки Саломуддин Юсуфӣ узви ин кумита интихоб мегардад. Мавсуф соли 2015 низ ба муҳлати 3 сол узви ин кумита интихоб шуда буд.

Кумита мақоми машваратии директори Бюрои Аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ буда, рушди сиёсати минбаъда ва фаъолияти асосии Созмони ҷаҳонии тандурустиро дар минтақаи Аврупо муайян менамояд. Инчунин соли 2023 ба татбиқи миёнаи муҳлати барномаи Бюрои аврупоӣ барои солҳои 2020-2025 ва амалҳои муштарак барои беҳтар намудани саломатии сокинони Аврупо рост меояд.

Ҷаласаи 73-юм имконияти хуб барои муҳокимаи вазъи саломатӣ ва некӯаҳволии сокинони минтақаи Аврупо ва муваффақият, дастовардҳои муҳими тандурустии ҷамъиятӣ дар 75 соли охир ва муҳокимаи равишҳо барои ҳалли мушкилоти ҷорӣ ва оянда мебошад.

Ҷаласаи 73-юми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ 24 октябр оғоз шуда,  имрӯз анҷом меёбад.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 26, 2023 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид