Пагоҳ дар Тоҷикистон Рӯзи соҳибкорон таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ, 13.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи соҳибкорон таҷлил мегардад. Бахшида ба ин сана пагоҳ дар Душанбе бо иштироки соҳибкорон ва мақомоти марбутаи мамлакат ҷамъомади тантанавӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати мамлакат, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду пешрафти соҳибкорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, тадбирҳои муассир андешиданд.
Соҳибкорӣ барои баланд бардоштани самаранокии истеҳсолӣ, суботи молиявӣ, бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ, афзун намудани бозори истеъмолӣ ва дар маҷмуъ- рушди иқтисодиёти мамлакат муҳим арзёбӣ мегардад. Соҳибкорони тоҷик бо меҳнати бунёдкорона дар рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат, хусусан бунёди инфрасохтори наву замонавӣ дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди мамлакат, аз ҷумла, маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ нақши муассир мегузоранд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон ҷиҳати таъмини рушди босуботи фаъолияти соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ як силсила ислоҳоти муҳим ва ҷиддӣ амалӣ шуда, Ҳукумати мамлакат баҳри фаъолияти самараноки соҳибкорон фазои озоди иқтисодӣ ва мусоиди соҳибкорӣ фароҳам овард. Яке аз иқдомҳои Сарвари давлат эълон гардидани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мебошад.
Инчунин дар доираи мукаммалсозии инфрасохтори соҳибкорӣ бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ҳамчун майдони муҳими муколама байни давлат ва бахши хусусӣ фаъолият менамояд, ки ба рушди соҳибкорӣ такони ҷиддӣ мебахшад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






