Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Охҷари ноҳияи Восеъ бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49-ро ифтитоҳ намуданд

Октябрь 20, 2023 10:12

ДУШАНБЕ, 20.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 20 октябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Восеъ Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Охҷари деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49-ро ба истифода доданд.

Иншоот дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ҳамкории Ҳукумати мамлакат бо шарикони рушд сохта шудааст.

Бинои муассисаи нави таълимӣ дуошёна буда, барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Муассисаи замонавии таълимӣ аз 10 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла кабинетҳои фаннии химия, физика, математика, синфхонаҳои технологияи таълими меҳнат барои писарон ва духтарон, синфхонаҳои компютерӣ, китобхонаву толори барҳавои хониш, китобхонаи электронӣ, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Ҳадаф аз бунёд ва ба истифода супоридани муассисаи нави таълимӣ идомаи мантиқии сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба ин восита беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсилот, ҷорӣ намудани усулҳои нави таълим ва тарбияи хонандагони болаёқат дар руҳияи донишомӯзӣ ва ватандӯстӣ мебошад.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти соҳаи маориф соли 2021 оғоз гардида, дар заминаи амалишавии Лоиҳаи «Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф» аз ҷониби Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна» бо ҷалби мутахассисони ҶДММ «Фирӯз» бунёд шудааст. Дар ҷараёни сохтмон беш аз 35 нафар ба кор ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин буданд.

Бино дорои низоми гармидиҳии мустақил буда, бо усули каммасрафи истифода аз ангиштсанг дар айёми сардиҳои фасли зимистон тамоми синфхонаҳо гарм мешавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити фароҳамоварда дар даргоҳи нави маърифат шинос шуда, бо омӯзгорону хонандагони муассиса суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Ифтитоҳи бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49 дар деҳаи Охҷари ноҳияи Восеъ 20.10.2023

Октябрь 20, 2023 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб
Идомаи вуруди табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Зодрӯзи Пешвои миллат
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд