Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 13.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Бишкек музокироти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид.
Зимни мулоқот сарони давлатҳо вазъ ва дурнамои тамоми маҷмуи шарикии стратегӣ ва ҳамёрию ҳампаймонии Тоҷикистон ва Русияро муфассал баррасӣ намуданд.
Пешвои миллат соли равон густариши фаъоли робитаҳои байнидавлатӣ ва ҷараёни мусбати ҳамкории ду давлатро дар тамоми соҳаҳо бо қаноатмандӣ таъкид намуданд.
Сарони давлатҳо аз ҷараёни мусбати табодули молии мутақобила, имзои қарордодҳои дахлдор байни доираҳои тиҷоратӣ, созишномаҳо дар бораи таъсиси корхонаҳои муштарак бо сармояи Русия дар Тоҷикистон, инчунин татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи ҳамкории саноатӣ истиқбол намуданд.
Зимни суҳбат масъалаҳои рушди ҳамёрӣ дар соҳаҳои бонкдорӣ, молия, сармоягузорӣ, энергетика, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо, инчунин зарурати беҳтар намудани ҳамёрии сохторҳои дахлдор дар соҳаи муҳоҷират мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сарони давлатҳо сатҳи баланди ҳамкории фарҳангӣ ва гуманитариро бо таваҷҷуҳи хосса ба соҳаи маориф таъкид намуда, аз оғози лоиҳаи бунёди Маркази таълимӣ барои кӯдакони болаёқат ва Театри драмавии русии ба номи Маяковский дар Тоҷикистон истиқбол намуданд.
Президентҳо изҳор доштанд, ки имкони густариши ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, бахусус дар соҳаи тандурустӣ ва сайёҳии кӯҳӣ вуҷуд дорад.
Доир ба масъалаҳои амният, инчунин масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом дода шуд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд






