Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 13.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Бишкек Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуданд.
Сарони давлатҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра баррасӣ намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳимияти густариши минбаъдаи робитаҳои чандинасраи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории халқҳои Тоҷикистон ва Қирғизистонро таъкид намуданд.
Дар ҷараёни музокирот таваҷҷуҳи хос ба масъалаҳои муайян намудани хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон ва тавофуқҳое, ки чанде пеш дар ин самт ҳосил шуда буданд, зоҳир шуд. Сарони давлатҳо фаъолияти ҳайатҳои ҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатиро мусбат арзёбӣ намуда, ба фаъолсозии минбаъдаи кор изҳори ҷонибдорӣ намуданд.
Президентҳо ба мувофиқа расиданд, ки муколамаи мунтазами сиёсӣ дар сатҳи олӣ, ки ба таври анъанавӣ ба рушди тамоми доираи муносибатҳои дуҷониба такон мебахшад, идома дода шавад.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд






