Рушди сайёҳӣ барои наздик шудани мардумони тоҷик ва узбек нақши барҷаста мегузорад

Октябрь 20, 2023 18:30

ДУШАНБЕ, 20.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории Машварати сайёҳии Осиёи Марказӣ Раиси Кумитаи рушди сайëҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод бо Раиси Кумитаи сайёҳии Ҷумҳурии Узбекистон Умид Шодиев дидору мулоқот намуд.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ пас аз изҳори миннатдорӣ барои истиқболи самимӣ, меҳмоннавозӣ ва дастгирӣ ҷиҳати баргузории Машварати сайёҳии Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯбаи 25-умин иҷлосияи Маҷмаи Умумии Созмони ҷаҳонии сайёҳии Милали Муттаҳид дар шаҳри бостонии Самарқанд иброз намуд, ки муносибатҳои неки ҳамҷавории роҳбарони олии сиёсии давлатҳои бо ҳам дӯсти Тоҷикистон ва Узбекистон ба рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат намудааст.

Гуфта шуд, ки дар айни замон шумораи сайёҳони узбек дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш буда, ҷаҳонгардони Узбекистон аз ҷиҳати ташриф ба мамлакати мо дар раддабандии давраи ҳисоботии нуҳмоҳа дар ҷойи аввал қарор доранд.

Раиси Кумитаи сайёҳии Ҷумҳурии Узбекистон иброз дошт, ки  муносиботи Тоҷикистон ва Узбекистон бо ҳам наздик мешаванд ва пешниҳод намуд, ки ҷиҳати тақвияти ҳамкории минбаъда дар соҳаи сайёҳӣ амалӣ намудани хатсайрҳои сайёҳии муштарак ба нақша гирифта шудааст. Дар ин замина ҷонибҳо барои таҳияи хатсайрҳои муштараки гуногунсамти сайёҳӣ дар миқёси минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори омодагӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки рушди соҳаи сайёҳӣ на танҳо дар баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон, балки барои боз ҳам наздик намудани мардумони бо ҳам бародари тоҷику узбек нақши барҷаста мебозад.

АКС: Кумитаи рушди сайëҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 20, 2023 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ассотсиатсияи миллии сайёҳии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Шоҳкориҳои табиии «Чилдухтарон» қалби ҳазорон нафар сайёҳони дохилию хориҷиро тасхир месозад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Дар Хатлон беш аз 940 ёдгории таърихиву фарҳангӣ мавҷуд аст
Форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Хатлон — сарзамини тамаддунҳо ва саёҳат» оғоз гардид
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар Чилдухтарон форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ баргузор мешавад
Моҳи август «Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» баргузор мешавад
«САФЕДДАРА» — МАКОНЕ, КИ ҲАР САЙЁҲ ОРЗУИ ДУБОРА ДИДАНИ ОНРО ДОРАД! Иштирокдорони Конфронси чоруми оби Душанбе аз тамошои ин гӯшаи нотакрори Тоҷикистон эҳсоси хушҳолӣ намуданд
«RED BUS TOURS». Имрӯз дар Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
ЗЕБОИҲОИ НОТАКРОРИ ТАБИАТИ ДАРАИ СИЁМА. Он қалби иштирокдорони Конфронси чоруми сатҳи баланди оби Душанберо тасхир намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Пагоҳ иштирокдорони Конфронси оби Душанбе бо иқтидори обӣ ва ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон шинос мешаванд
Коршиносони хориҷӣ нақши Тоҷикистонро чун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим назаррас арзёбӣ намуданд