Рушди сайёҳӣ барои наздик шудани мардумони тоҷик ва узбек нақши барҷаста мегузорад
ДУШАНБЕ, 20.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории Машварати сайёҳии Осиёи Марказӣ Раиси Кумитаи рушди сайëҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод бо Раиси Кумитаи сайёҳии Ҷумҳурии Узбекистон Умид Шодиев дидору мулоқот намуд.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ пас аз изҳори миннатдорӣ барои истиқболи самимӣ, меҳмоннавозӣ ва дастгирӣ ҷиҳати баргузории Машварати сайёҳии Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯбаи 25-умин иҷлосияи Маҷмаи Умумии Созмони ҷаҳонии сайёҳии Милали Муттаҳид дар шаҳри бостонии Самарқанд иброз намуд, ки муносибатҳои неки ҳамҷавории роҳбарони олии сиёсии давлатҳои бо ҳам дӯсти Тоҷикистон ва Узбекистон ба рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат намудааст.
Гуфта шуд, ки дар айни замон шумораи сайёҳони узбек дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш буда, ҷаҳонгардони Узбекистон аз ҷиҳати ташриф ба мамлакати мо дар раддабандии давраи ҳисоботии нуҳмоҳа дар ҷойи аввал қарор доранд.
Раиси Кумитаи сайёҳии Ҷумҳурии Узбекистон иброз дошт, ки муносиботи Тоҷикистон ва Узбекистон бо ҳам наздик мешаванд ва пешниҳод намуд, ки ҷиҳати тақвияти ҳамкории минбаъда дар соҳаи сайёҳӣ амалӣ намудани хатсайрҳои сайёҳии муштарак ба нақша гирифта шудааст. Дар ин замина ҷонибҳо барои таҳияи хатсайрҳои муштараки гуногунсамти сайёҳӣ дар миқёси минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори омодагӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки рушди соҳаи сайёҳӣ на танҳо дар баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон, балки барои боз ҳам наздик намудани мардумони бо ҳам бародари тоҷику узбек нақши барҷаста мебозад.
АКС: Кумитаи рушди сайëҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд






