Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Охҷари ноҳияи Восеъ Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Миралӣ Маҳмадалиевро ба истифода доданд
ДУШАНБЕ, 20.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 20 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Охҷари ноҳияи Восеъ Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Миралӣ Маҳмадалиевро ифтитоҳ намуданд.
Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Миралӣ Маҳмадалиев дар масоҳати 1,20 гектар аз ҷониби сокинони ватанпарвари ноҳияи Восеъ бо назардошти талаботи муосир ва санъати баланди меъморӣ бунёд шудааст.
Баъди ба истифода додани ин маркази фарҳангӣ 10 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.
Дар ҳудуди иншоот барои дӯстдорони соҳаи варзиш майдончаи муосири варзишӣ сохта шудааст, ки дар он барои тамрини бозии футбол шароити зарурӣ фароҳам гардидааст. Акнун кӯдакону наврасон имкон доранд дар ин ҷо мусобиқаҳои гуногун доир намуда, ба обу тоби бадан машғул шаванд.
Дар боғи фарҳангию фароғатӣ 2 аттраксион, ҷойи бозӣ барои кӯдакон дар масоҳати 4000 метри мураббаъ бо тамоми шароити зарурӣ бунёд гардида, иншоот ба макони асосии истироҳату фароғати сокинон ва кӯдакон табдил ёфтааст.
Шомгоҳон намуди боғи фарҳангию фароғатӣ хеле зебою дилрабо гардида, дастгоҳҳои равшанидиҳанда ва чароғакҳои гуногунранг ба ҳудуди иншоот ҳусни дигар зам менамоянд.
5 фаввораи зебову замонавӣ, ки бо шаклу услуби хосса бунёд гардида, бо чароғҳои ранга оро дода шудааст, диққати сокинону меҳмононро ба худ ҷалб менамоянд.
Атрофи боғи фарҳангӣ пурра панҷарабандӣ гардида, дарвозаи даромадгоҳи он низ бо санъати баланди меъморӣ оро дода шудааст.
Дар мавзеъҳои гуногуни боғи фарҳангӣ 400 дарахти сояафкану ҳамешасабз ва зиёда аз 110 ҳазор гулҳои мавсимӣ шинонида шуда, масоҳати 14980 метри мураббаъ майсазор шудааст. Дарахтон ва гулу буттаҳо ба таври муосир обрасонӣ гардида, роҳравҳои боғи нав бо санъати баланди меъморӣ сафолакпӯш гардидаанд.
Дар як гӯшаи намоёни боғ нимпайкараҳои қаҳрамонҳои меҳнати сотсиалистӣ аз ноҳияи Восеъ бо минбари саҳнавӣ бунёд ёфтаанд.
Мавриди тазаккур аст, ки танҳо аз ноҳияи Восеъ тавассути меҳнати пуршараф ва натиҷаҳои баланди меҳнатӣ 11 нафар бо унвони олии Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ мушарраф гардидаанд.
Зимни шиносоӣ бо шароити истироҳату фароғати сокинон дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯйи нимпайкараи Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, собиқ вакили Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олӣ Миралӣ Маҳмадалиев парда бардошта, руҳи ӯро шод намуданд.
Дар шафати Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Миралӣ Маҳмадалиев бинои хуштарҳи идораи ҷамоат ва қасри фарҳанг қомат афрохтааст, ки бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пурра таҷдид гардид.
Бояд гуфт, ки собиқ роҳбари хоҷагии ба номи Ленин шодравон Миралӣ Маҳмадалиев бо кордонию инсондӯстӣ ва талошҳову ташаббусҳо дар замони то соҳибистиқлолӣ деҳаи Охҷарро ба маркази ободу пешрафтаи ноҳияи Восеъ табдил дода буд.
Ҳамон вақт дар ин деҳа роҳҳои тахту ҳамвор сохта шуда, сокинон бо оби нӯшокӣ таъмин буданд. Дар баробари дигар иншоот муассисаҳои фарҳангии деҳа ободу дар хизмати мардуми фарҳангдӯст буданд.
Баъди шиносоӣ бо шароити истироҳату фароғат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми шоистаи соҳибкорону дигар сокинони ватандӯсти ноҳияи Восеъ — обод намудани як гӯшаи диёр баҳои баланд доданд.









Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






