«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Ба ин муносибат филми мустанад — «Пиряхҳои Тоҷикистон» таҳия мегардад

Октябрь 1, 2023 14:09

ДУШАНБЕ, 01.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. То моҳи декабри соли равон дар Тоҷикистон филми мустанад таҳти унвони «Пиряхҳои Тоҷикистон» ба навор гирифта мешавад. Ҳамчунин таҳти ҳамин унвон албоми аксҳо таҳия ва нашр мегардад. Дар ин хусус дар банди 8-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии ибтикори панҷуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон шудани «Соли 2025-Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» дарҷ гардидааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар»

Филми мустанад аз ҷониби Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2023 Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии ибтикори панҷуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон шудани «Соли 2025-Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ба тасвиб расид.

Хотиррасон мешавем, ки 14 декабри соли 2022 Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатънома дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, қабул кард. Ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро 153 давлати узви ин созмон ҷонибдорӣ намуд. Қабули чунин як қатъномаи барои ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ муҳиму муфид мояи ифтихору сарфарозии ҳамаи тоҷикони ҷаҳон гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 20 сентябри соли равон иброз доштанд, ки «дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 13 ҳазор пирях ба қайд гирифта шудааст. 60 фоизи захираҳои оби минтақа дар ҳудуди кишвари мо ташаккул меёбад. Мутаассифона, тайи даҳсолаҳои охир дар Тоҷикистон зиёда аз як ҳазор пирях аз байн рафтааст, ки ин барои амнияти озуқаворӣ, дастрасӣ ба об ва нигоҳдории экосистемаи Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ расонида метавонад. Обшавии босуръати пиряхҳо ҳамчун манбаи асосии оби тоза андешидани тадбирҳои мушаххас, аз ҷумла пажӯҳиш, ҷамъоварӣ ва коркарди маълумот ва ҳамкориҳои амиқи байналмилалиро тақозо мекунад».

«Дар ин росто, ба ҳамаи кишварҳои узв барои ҳамкорӣ дар қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милал дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» миннатдории худро иброз намуда, барои муттаҳид сохтани талошҳо ҷиҳати татбиқи ҳадафмандонаи ин қатънома даъват менамоям.Мо дар доираи Гурӯҳи навтаъсиси “Дӯстони пиряхҳо” ва берун аз он омодаи ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар татбиқи ваколатҳои қатъномаи мазкур ҳастем.Тоҷикистон мутмаин аст, ки ин иқдом ба андешидани тадбирҳои дастҷамъона ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо такони ҷиддӣ хоҳад бахшид», — тазаккур доданд Сарвари давлат.

Дар Тоҷикистон айни ҳол «Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» амалӣ мегардад.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 1, 2023 14:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид