ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 октябр, якшанбе, 274-умин рӯзи соли 2023 аст

Октябрь 1, 2023 08:00

Дар ин рӯзи соли 1843 бори нахуст рӯзномаи маъруфи Британияи Кабир «The News of the World» ба нашр расид.

***

1 октябри соли 2002 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид.

***

14 сол пеш, 1 октябри соли 2009 дар шаҳри Норак Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақби мошингарди «Чормағзак» -ро расман ифтитоҳ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 Парлумони Тоҷикистон Созишномаи Тоҷикистон ва Русия дар бораи будубоши пойгоҳи ҳарбии 201-и Русия дар Тоҷикистонро тасдиқ намуд.

***

1 октябри соли 2015 шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 8 млн 486 ҳазору 300 нафар расид.

***

1 октябри соли 2015 дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар рейтинги навшудаи Федератсияи байналмилалии футбол бо касби 156 хол мақоми 160-умро ишғол намуд.

***

Соли 2015 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи  байналмилалӣ  оид ба содагардонӣ  ва ҳамоҳангсозии  расмиёти гумрукӣ (дар таҳрири нав) ҳамроҳ гардид.

***

7 сол пеш, 1 октябри соли 2016 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки  варзишгари тоҷик Ҳамроз Раҷабов дар рейтинги ҷаҳонии Федератсияи байналмилалии самбо мақоми дуюм касб намуд.

1 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии пиронсолон.

***

Рӯзи байналмилалии нафароне, ки аз маҳсулоти гӯштӣ парҳез мекунанд.

***

Дар Узбекистон — Рӯзи омӯзгорон

***

Дар Озарбойҷон — Рӯзи кормандони прокуратура.

Октябрь 1, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 октябр, шанбе, 298-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 октябр, ҷумъа, 297-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 октябр, панҷшанбе, 296-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 октябр, чоршанбе, 295-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 октябр, сешанбе, 294-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 октябр, душанбе, 293-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 октябр, якшанбе, 292-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 октябр, шанбе, 291-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 октябр, ҷумъа, 290-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 октябр, панҷшанбе, 289-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 октябр, чоршанбе, 288-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 октябр, сешанбе, 287-умин рӯзи соли 2025 аст