ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 октябр, ҷумъа, 286-умин рӯзи соли 2023 аст

Октябрь 13, 2023 08:00

13 октябри соли 1923 пойтахти Туркия аз Истанбул ба Анқара оварда шуд.

***

13 октябри соли 2005 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кондолиза Райсро, ки бо сафари корӣ дар давлати мо қарор дошт, ба ҳузур пазируфтанд.

 ***

13 октябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба қароргоҳи марказии Гвардияи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, дар тантанаҳо бахшида ба 19-солагии ин воҳиди махсуси низомӣ иштирок намуданд.

***

13 октябри 2016 дар шаҳри Ереван Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Арманистон Серж Саргсян масоили гуногунҷанбаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арманистонро баррасӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 масоили вақт ва дурнамои рушди ҳамкории дӯстонаи Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баррасӣ гардид.

***

Соли 2018 Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян  дар доираи сафари расмии худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт ташриф оварда, дар пояи муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.

***

 13 октябри соли 2020 ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид гардиданд.

***

13 октябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон дар маросими ифтитоҳи Намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон-кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи Гимейи Ҷумҳурии Фаронса иштирок намуданд.

***

13 октябри соли 2022  дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон бо ташаббуси ҷониби Русия мулоқоти сеҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров баргузор гардид. 

13 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:

Рӯзи умумиҷаҳонии коҳиши хатари офатҳои табиӣ.

***

Дар Озарбойҷон -рӯзи кормандони роҳи оҳан.

***

Рӯзи фермерҳо дар Амрико.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Парда Қосим -соли 1947 — овозхони тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1990), Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон (2001).

Октябрь 13, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш